“САФОБАХШ” АЗ ФАЪОЛИЯТИ 3-МОҲАИ ХУД ҲИСОБОТ ДОД

Кӯлоб: Ҳисобот  

“САФОБАХШ” АЗ ФАЪОЛИЯТИ 3-МОҲАИ ХУД ҲИСОБОТ ДОД

Бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯз Саймуминзода, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ маҷлиси ҷамъбастии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сафобахш” баргузор карда шуд. Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

1. Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар давраи 3-моҳаи аввали соли 2023;

2. Расонидани нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Мусоидат дар сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати Модар-Ватан;

4. Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ;

5. Дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Вобаста ба масъалаҳои зикргардида фикру пешниҳод ва эродҳои иштирокчиён шунида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.