ХУШУНАТ ВА ЗУРОВАРӢ ДАР ОИЛА

Фархор: Андеша  

 Таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инсон ва ҳуқуқҳои шаҳр-вандон ҷавҳари Конститутсияи давлати ҳуқуқбунёди моро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки пешгирии зӯроварию хушунат дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Ба хотири решакан намудани–ин зуҳуроти номатлуб имрӯзҳо маҷмӯи қонунҳо ва чандин санад-ҳои меъёриву ҳуқуқӣ мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 дар сар то сари кишвар мавриди татбиқ қарор дорад. Таҷриба муайян намуд, ки хушунат дар рӯзгори мардум аз қабили хушунати мардон нисбати занон – ҳамсарон, хушунати шавҳар нисбати келинҳо, хушунати падарону бародарон нисбати духтарону хоҳарон ва дар баъзе ҳолатҳо хушунати калонсолон нисбат ба хурдсолон, яъне кӯдакон зоҳир мегардад. Бояд гуфт, ки омода набудан ба оиладорӣ, набудани маълумоти касбӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, огоҳ набудан аз ҳуқуқҳои худ ва надоштани одоби муошират барои хушунат дар хонавода замина муҳайё мекунад. Доштани саводи казоӣ ва одоби муошират чӣ барои духтарон ва чӣ барои писарон дар ҳаёти мустақилонаи минбаъдаи онҳо ҳамдигарфаҳмиро бо аъзоёни оилаи шавҳар ва ё зан, инчунин осудагии зиндагиро таъмин хоҳад кард. Мутаассифона, имрӯз дар баъзе хонадон хушунат ва зӯроварӣ нисбати зан ва кӯдак ба “як қоидаи маъмулӣ” табдил ёфтааст. Бо истифода аз ҷисми қавӣ мардон зӯриву дағалиро истифода бурда, ҳамсари худро ҳатто дар пеши чашмони фарзандонашон зери мушту лагад қарор медиҳанд. Дар сурате, ки мард вазифадор аст оилаи хешро эҳтиром намояд, хушунат кардан нисбати занро раво надонад ва барои тарбияи фарзадони руҳану ҷисман солим фазои солимро муҳайё созад.Дар рафти мулоқот бо мардум ҳамеша таъкид бояд кард, ки ба хотири таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои худ, ташкили ҷомеаи солиму бидуни хушунат, тарбияи насли солим, устувории ояндаи давлату миллат, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлату миллат, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва амнияти саросарии кишвар бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва падидаҳои зараровар азму талош дар муттаҳидӣ самараи нек ба бор меоварад.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари вохурию суҳбатҳояш оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандустӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлотияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мамуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувору солим арзёби менамояд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудааст,ки оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оила ба зарурати таҳкими оила, ба бунёди муносибатҳои оилавӣ дар заминаи муҳаббату эҳтироми якдигар, кӯмаки мутақобила ва масъулияти ҳамаи аъзои оила дар назди оила, раво набудани дахолати беасоси ҳар шахс ба корҳои оила, татбиқи бемонеаи ҳуқуқ ва иҷрои ӯҳдададориҳои худ аз ҷониби аъзои оила ва имконияти ҳимояи судии онҳо асос меёбад. Баҳри бунёди оилаи солиму устувор, пешгирии зуроварӣ дар оила, дар руҳияи неки инсони тарбия намудани фарзандони солеҳ, дарк намудани оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ, огоҳ грдидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар муносмибатҳои олиавӣ мо масъулини мақомотҳои дахлдору шахсони муттасадиро зарур аст,ки дар ҳамбастагӣ нақшаю чорабиниҳои иловагӣ тартиб дода, дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро боз ҳам пурзур намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои оиладори, ба қайд гирифтани ақди никоҳ, таъминоти модии кӯдакон ва роҳҳои нигоҳдорию устувории он, мунтазам корҳои ташфиқотию тарғиботиро тавассути садою симо, газетаю маҷалаҳо ба роҳ монда, дар байни аҳолии суҳбату вохуриҳо доир намоем.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор                     Рухшона  Ятимова