НАВРӮЗ - ТАБЛИҒГАРИ ДӮСТИЮ РАФОҚАТ!
Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғгари дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Кӯлоб Дилноза Шоева ва аъзоёни ташкилот аксияи ҳизбӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо такдими табрикоти Наврӯзӣ, тақвими соли 2023 ва лавҳаҳои таблиғотӣ баргузор карда шуд.