БАДХОҲОНИ ВАТАН БА МАҚСАД НАМЕРАСАНД

Левакант: Вокуниш  

Дар моҳи марти соли равон дар Қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк Конфронси сатҳи ҷаҳонӣ ба муносибати даҳсолаи байналмиллалии амал "Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028" баргузор шуд.

Муҳиддин Кабирӣ имрӯз бо амалҳои ноҷавонмардонаи худ аз зери қаноти хоҷагонаш ба сӯи роҳбарияти Тоҷикистон ва мардуми он санги ғаразнок партофта, мехоҳад, ки мамлакати амну оромро боз аз нав бо дасисаҳои худ ба коми оташ кашад. Кишвари азизамон Тоҷикистон давоми даврони Истиқлолият дар ҳама соҳаҳо рушд ёфта истодааст. Дар пешрафти он саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон хеле бузург аст. Талошҳои ҳамешагии ин абармарди бузург аст, ки кишвари мо шукуфон гардида, амнияти ҷомеа таъмин аст. Барои шикастани руҳияи чунин гурӯҳи одамони ҳамақидаву ҳамдил, ватандӯсту сулҳпарвар, ки халқ ном дорад, ба фикрам фақат касони ноқисулақл саҳм мегузоранд. Ин сафари Пешвои миллат ба Қароргоҳи бонуфузтарин, яъне СММ ва муаррифии ташаббусҳои мо дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ғазаби душманонро зиёд карда истодааст. Душманони миллат пешрафту шукуфоии миллати моро чашми дидан надоранд. Муҳиддин Кабирӣ ва пайравони ӯ дастнигари хоҷагони хориҷии ифротҷои худ буда, аслан лӯхтакони ҷондорӣ онҳо мебошанд.

Ба гуфтаи нависандае: "Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро ғуборолуд созад.

Ҷон фидо дар роҳи паймон кардааст,

Сад биёбонро гулистон кардааст.

Сарзамини пора-пора гаштаро

Ҷамъ карда, Тоҷикистон кардааст.

Худойқулова Таманно, мутахассиси бахши омори КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант