Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам аст. Об заҳиран бузургест, ки воқеияти он ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳастии гулу гиёҳ, ҳайвоноту наботот, растаниву инсоният, хосса зиндагии осоиштаву ободӣ ва озодагиву пурбаракатӣ ҳама ба об, вобастагӣ дорад.
Обро инсон барои нӯшидан, пухтани хӯрок, шустушӯй, сохтани манзил, тозагии кучаҳо, обёрии заминҳо истифода мебарад. Инчунин, одам бо роҳҳои обӣ заврақу киштӣ ронда, ҳар гуна бор ва мусофиронро мекашонад. Оби шаршарадор турбинаҳоро ба ҳаракат дароварда, ҷараёни электрикӣ ҳосил мекунад. Бо қувваи оби зиёд чархи санги осиёб, дастакҳои обҷувоз ҳаракат мекунанд.
Кори ягон соҳаи саноат бе об пеш намеравад. Дар фабрикаву заводҳо обро барои тайёр кардани маҳлули рангҳо, охар додани матоъ, коркарди пуст, тайёр кардани қоғаз, собун, нонпазӣ, нушокиҳои гуногун истифода мебаранд.
Инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша бо онҳо сарукор дорад, манбаи асосист. Ҳатто намии замин аз об аст, ки бе он ягон растани ва гулу гиёх намеруяд.
Мо, тоҷикистониён аз сероб будани сарзамини бузургамон бояд ҳамеша бифахрем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кули гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъданӣ ва обанборҳои зиёд дорад. Ин маъхази бузург, ки одамро асос аст, об аст. Бе об зиндагӣ пойдор буда наметавонад. Аз кадимулайём дар китобҳои динӣ низ об чун манбаи асосии ҳаёт дониста мешавад. Чор унсур дар ҳаёт муқаддасанд: об, хок, оташ, бод, ки тамоми мавҷудоти олам ба онхо эҳтиёҷ доранд.
Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам обро медонем, пас вазифадорем, ин маъхази бузургро чун асоси хастӣ, чароғи равшанидиҳанда, созгори дунёи ҳастӣ эхтиром намоем, тозаву озода нигоҳ дорем, нагузорем, ки нохалафе ин муъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ба он партовҳо партояд ё ягон амали носазое нисбати он раво бинад, зеро:
Зи чуе, ки хурдй аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок,
Тоза нигох доштани об ва муқаддас шумурдани он, қимат донистани ҳар қатраи ин муъҷизаи бузург қарзи ҳар як инсони асил аст, зеро об на танҳо ҳамчун манбаи ободӣ, балки маъхази нуру рушноӣ ва маҳсули шодиҳои олами ҳастист.
Об бошад гавҳари қимматтар аз лаълу гухар,
Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.
Об хаст ободӣ ҳаст, мегуянд. Об аст, ки кулли мавҷудоти олам дар афзоишу рушду нумуъ ва пояндагии ӯ қарор дорад. Об аст, ки дар дами марг қатрае аз он ошомида инсон нафас рост мекунад. Об аст, ки гулу гиёҳ аз он рангу бӯй, таровату пояндагӣ мегиранд. Бе об ҳаёт маъно надорад. Зиндагиро аз ҳастии об асос аст.
Мутаассифона бархе аз инсонхои беандеша ва номурод дидаю дониста обҳоро ифлос мегардонанд. Дар дарёҳо партовхо мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд, ки ин ба касодиҳо оварда мерасонад. Дар ҳамаи китобхои дини сарфаю сариштакорӣ ҳамеша тақозо карда мешавад ва тозаю озода нигоҳ доштани он. макруҳ накардани ҳар қатраи он вазифаи муқаддаси ҳар як шахси мусалмон дониста мешавад.
Хулоса, аз гуфтаи Паёмбари бузург Расули Акрам «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро ночиз нагардонад».
Ғафурзода Рухсора, мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон