БО ТЕРРОРИРЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗАИ ЯКҶОЯ БОЯД БУРД!

Восеъ: Созандагони ватан  

Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мо ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил шудем, ки қимадтарини он Ваҳдати миллӣ ва сулҳ маҳсуб меёбад.Яке аз зуҳуротҳое, ки дар ҷаҳони муосир ба проблемаи рўзмарра табдил ёфтааст ва ба сулҳу ваҳдати милли хатарнок аст, ин терроризим ва экстремизм ба ҳисоб меравад. 16 ноябри соли 1999 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» имзо гардид. Мақсади асосии қонуни мазкур аз инҳо иборат мебошад: тадбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; тадбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм; танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм; ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм; ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра ҳаст.Истилоҳи «Терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») сарчашма гирифта, маъноаш «Тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро баҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.Терроризм ва экстремизм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат, ки яке аз навъҳои аз ҳама хатарноки ифротгароии сиёсӣ дар тарозуи ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад.Чунин шуморидан мумкин аст, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон бо мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки боиси ба дарсшиканӣ роҳ додани ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ бозҳам зиёдтар гузаронида шавандҲамин тариқ, барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби зараровар терроризму ифротгароӣ бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба он мубориза барем. ҷавонон, ки аз ҳама қишри осебпазир дар ҷомеа мебошад набояд зудбовар шудаву суханҳои дуруғини онҳоро роҳи ҳали худ донем. Шукронаи тенҷию оромии давлати азизамонро карда сулҳу суботи онро кафили зиндагии худ қарор дода оромона ҳаёт ба сар барем.

Олимов Раҳмоналӣ-аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Восеъ