ХОИНОНИ ЛОШАХӮР БОЗ САДО БАЛАНД КАРДАНД!

Шаҳритуc: Вокуниш  

Ҷумҳурии Тоҷикистони мустақил дар давраи Истиқлолияти давлатӣ таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба рушд кард ва маҳз дар ин давра, давлатдории навини тоҷикон шакл гирифта, мақоми давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ боло гардид. Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб, ки аъзои тамоми ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад ва ташабусҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд ҳамаҷониба дастгири меёбад ва ин боиси ифтихори кулли мардуми тоҷик мебошад. Барои расидан ба ин комёбиҳо саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург мебошад. Имрӯзҳо, ки Пешвои миллат яке аз праблемаҳои ҷаҳонии ки ба кулли сокинони сайёраи замин рафт дорад ин ҳам бошад обшавии пиряхҳои ҷаҳон аз таъсири партофтоҳо ба атмосфераи замин, ва норасоии оби нӯшокӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, ки дар яке аз бонуфузтарин ташкилоти ҷаҳони СММ, ки дар шаҳри Ню-Йорки ИМА қарор дорад дар конфронси сатҳи ҷаҳонӣ, ки садҳо намояндагони давлатҳои дигар иштирок доранд, иштирок, суханронӣ ва роҳбари кардаа истодааст, як тӯда аз хоинони миллати тоҷик бо супориши хоҷагогнашон дар назди парлумони Олмон дар шаҳри Берлин ва дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин бо роҳбарии роҳбари ТЭТ ҲНИ Кабирӣ ба таҳазурот баромада ва ба ин восита мехостаанд, ки президенти моро бадном созанд ва илова бар ин аъзоёни ин гурӯҳҳо дар сомонаҳои интернетӣ садо баланд намуда ва ба ин роҳ мехостанд обруву нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ паст зананд. Мо борҳо мушҳоида намудаем, ки ин хоинон ғуломи хоҷагони хориҷииашон буда бо фармон ва маблағгузории онҳо ҳар боре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давтатҳои хориҷа сафар мекунанд дар назди биноҳои сафоратҳо ва дигар ташкилотҳои бонуфуз ҷамъ омада садо баланд мекунанд. Мо сокинони Тоҷикистон алалхусус ҷавонон бояд ҳушёру зирак бошем ва ба ҳар гуна фиребу найрангбозии хоинон ва душманони миллати тоҷик дода нашавему пай ободиву пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистон бошему, ҳифзкунандаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан.

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус.