Дар посдории забон ва ҳимояти он ҳар як шахс саҳмгузор аст. Махсусан дар ҳифзи забони тоҷикии мо хизмати пешвои мазҳаби ҳанифӣ Имоми Аъзам низ хеле бузург аст. Истифодаи забони форсии моро бо роҳи содаю осон ба роҳ мондааст. Забон яке аз нишонаҳои асосии ҳастии ҳар халқу миллат аст. Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар чандин мулоқотҳои худ таъкид сохта,мегӯяд:" забон ин барҷастатарин ва гӯётарин поя ,шиноснома ва бақои ҳар халқу миллат мебошад". Ба ибораи дигар маҳз забони тоҷикӣ аст,ки аз тоҷик будани миллати мо далолат медиҳад.Маввудияти забони тоҷикӣ сабаб мешавад,ки мо чунин давлати ободу соҳибистиқлол бо номи Тоҷикистони биҳиштосо дорем.Забони тоҷикӣ имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун забони давлатӣ эълон шудааст.Он қаддимтарин забони ҷаҳонӣ мебошад.Забони тоҷикӣ таърихи беш аз сеҳазорсола дорад.Дар ин маврид дар яке аз кӯҳнатарин китоби форсии қаддим" Тарҷумаи Тафсири Табарӣ" омадааст,ки забони форсиро аз қаддим донистаанд.Аз рӯзгори Одам алайҳиссалом то рӯзгори Муҳаммад ( расулаллоҳ) омадааст. Хулоса тамоми пайғамбарон ин забонро истифода намуда,ҳифз намуданд ва бо ин забон сухан гуфтанд. Агар бо сифати забони ададбӣ ташаккул ёфтани забони тоҷикиро ба назар гирем,он дар шакли идорӣ, коргузорӣ, давлатӣ амал мекунад.Забони давлатӣ дар замони мавҷудияти худ чандин санҷишу имтиҳонҳоро аз сар гузаронидааст,то замони мо омада,забони озоду мустақил шудааст.Забони тоҷикӣ маҳз зебоию равонии худро дар асри 21 пайдо намудааст.
Устод Лоиқ Шералӣ дар яке аз шеърҳояш чунин баён кардааст:
Ҷабри таърих ягон қавм надидааст,ки мо,
Заҳри таърих нажоде начашидааст,ки мо.
Хулоса барои посдории забони ноби буррои худ ҳар фарди соҳибзабон вазифадор аст,ки забони гуфторро бо шакли адабӣ ҳам дар ҷойҳои ҷамъияти ва ҳам муҳити хонавода ба танзим дарорем.Забон ин ифодакунандаи расму оин,зиндагӣ ва нишонаи ҳастии миллат аст.Мо соҳибзвбононро мебояд,ки калимаҳои ғайризабонро ,калимаҳои қабеҳро аз забон дур сохта,шакли адабии пурраи онро истифода барем.Аз он ҷумла омӯзгорон новобаста,аз кадом илму фан дарс гуфтанашон бояд бо хонандагон бо забони буррою тоза гуфтугӯ намоянд.Забон ин нишонаи ҳастии миллату давлат аст,пас барои аз байн нарафтани забон мо соҳибватанону соҳибзабонон вазифадорем.Кушиш созем,ки калимаҳои кӯчагиро аз байн,яъне аз доираи муошират дур бубарем.Афсус аз бисёри ҷавонҳое,ки дар кучаю роҳравҳо забонро бо тамоми суханҳои қабеҳ олуда месозанд. Ҳамватанони азиз биёед барои то абад зинда мондани забони давлатии худ,забони модарии худ кушиши ҳаматарафа бубаррем.Зеро мо худ соҳибзабон ҳастем.
Гиёева Т-аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Восеъ.