ХИЁНАТ БА ВАТАН НОБАХШИДАНИСТ

Кӯлоб: Вокуниш  

ХИЁНАТ БА ВАТАН НОБАХШИДАНИСТ

Дар ҷаҳони пуртаззоди рушди технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсионӣ кам нафароне ёфт мешаванд, ки миёни ахбори саҳеҳ ва фейк фарқро эҳсос намуда, баёни андеша кунанд.

Тавре мебинем, сомонаҳои“Ахборком” , Паём.нет ва чанде дигар ҳар хабари росту дурӯғро нашр намуда, худро миёни мардум “маҳбуб” нишон доданӣ мешаванд. Гӯё, фақат масъулони ин сомонаҳ “журналисти воқеънигоранду” дигарон не.

Лекин истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ набояд ба ҳар хабари дурӯғин дода шаванд. Бубинед, ки ҳеҷ гоҳ мухолифин корҳои шоёну назаррасеро ташвиқу тарғиб намекунанд ва ҳар маводе нашр мекунанд пур аз ғаразу кинаанд, дар онҳо ҳамагӣ аз мухолифони кишвари тоҷик пуштибонӣ мешавад. Ба қавле, агар матлабе барои нашр наёбанд, “ думи саги тоҷик каҷ”-гуфта, ягон чиз менависанд.

Ба андешаи ман онҳое, ки ин қадар ба сари миллату давлати худ санги маломат мезананд, оё ба хоҷагонашон содиқ буда метавонанд? Фикр мекунам, ин гурӯҳҳо бар ивази пул тан, ватан, модар, фарзанду духтари худро фурӯхтаанду дар вуҷудашон аз бузургтарин неъматҳои илоҳӣ- инсофу виҷдон дигар чизе намондааст.

Чанд тани онҳо худро журналист мепиндоранд. Наход дар Ватан истода, ҳамчун журналист, камбуди ҷомеаро ифшо карда, роҳи ҳаллу фасли қонуниашро нишон дода, номдор шудан мумкин набуд? Мумкин буд, то бо мардум ҳамроҳӣ ва ҳамраъӣ нишон дода, тавассути худи онҳо мушкилоташонро ҳал кард. Аммо, афсӯс, ки мисли зархаридоне, ки пеши чашмашонро пулу мол, сарвату ҷоҳу ҷалол гирифтаасту бо ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ пайваста, ҳар ду дунёи худро сӯзонидаанд.

Дар чандин сабтҳои видеоӣ дидем, ки ҳар як нафаре, ки аз ин гурӯҳҳо боздошт мешавад, хатои содирнамудаву ба ифротиён пайвастанашро дарҳол эҳсос намуда, пайи ислоҳи худ мешавад ва аз дигарон хоҳиш мекунад, то ба фиребу найрангҳои ҳеҷ як сарварони ҳизбу ҳаракатҳои хориҷи кишвар амалкунанда нагардида, ақли солимро кор баранд ва ними нони ба об тар карда хӯрда дар ватанро ба ҳеҷ як дороии дунё надиҳанд.

Мисоли рӯшан, аз зиндон озод шудани яке аз занони фаъоли ҲНИТ-и мамнуъ дар Тоҷикистон Зарафо Раҳмонӣ, ки қурбонии навбатии роҳбари охири ҳизб Муҳиддин Кабирӣ гардидааст. Баъди ба озодӣ баромадан, Зарафо изҳор дошт, ки аз ӯ барин як журналист, чӣ гуна бо роҳи фиреб фаъоли ҳизбӣ сохтанд ва дар лаҳзаҳои мушкил худашон бо аҳли оилаашон ба хориҷа гурехта рафтанду дигар Зарафо ба онҳо нолозим шуда монд.

Ин бону ҳамчунин тасдиқ мекунад, ки аксари аъзои ҳизб дар Ирон таълими ҳарбию сиёсӣ гирифтаву дар кушишҳои барпо кардани табадуллот дар Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2015 даст доштаанд. Ба гуфтаи Зарафо Раҳмонӣ имрӯз низ чӣ журналистони мухолиф ва чӣ гурӯҳу паймонҳои таъсисдодаи мухолиф дар хориҷа, як мақсад доранд: ноором сохтани вазъ дар кишвар ва барои ин амалҳои нопоку ношоистаашон маблағҳои калон аз сарпарастони хориҷаашон мегиранд, ки агар саркашӣ кунанд ва аз бадном сохтани Тоҷикистон даст кашанд, муҷозоти калон онҳоро интизор хоҳад буд.

Вақте ки суханро”аз даҳони Луқмон” шунидем, чӣ гуна метавон ба нигоштаҳои ин ашхос бовар кард? Имрӯз ин тоифаи пастфитрат танҳо дар фикру пулу сарват ҳастанд, бехабар аз он, ки беватану бекафан хоҳанд мурд.

Андешаи ботили дигар ин аст, ки бо хабаргузориҳо тариқи Ахборком аз ҷониби журналиттарошони он, мухолиф ва хоини Ватан буданашонро ба намоиш гузошт, зеро ҳеҷ як журналисти ҳақиқӣ ба ивази пулу мол ватанашро намефурӯшад, мисле ки инҳо амал мекунанд.

Агар Ватан дар варта ҳаст, журналист ҳаст, ки дар раҳо ёфтани он мекӯшад ва агар дар кишвар ободонию созандагӣ ҳаст, ҳамоно журналист аст, ки ба ҷаҳониён таблиғаш мекунад. Андешаи ниҳоӣ атрофи амалкардҳои ин мухолифон, хоса журналистони хиёнаткор он хоҳад буд, ки онҳо ҳуввият, дину мазҳаб, ватану модар надоранд ва террористу экстремист маҳсуб меёбанд. Аз дигар сӯ, чун ватандорӣ ин имондории ҳар фардро нишон медиҳад, аз ин тоифа дигар мунтазири амали неку шоистае будан, мантиқе нахоҳад дошт.

Ҳар нафаре, ки аз дастовардҳои миллату Ватан, ободкориву созандагиҳои он, беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардумаш иншо мекунад, ин музаффариятҳоро васф мекунад, ӯ соҳибватани аслист, зеро хизмати воқеиро ба Ватан-модар қарзи шаҳрвандии худ медонад .

Пас, охирин андешаам ва муроҷиатам ба хонадагони ин матлаб он аст, ки ҳеҷ гоҳ ба хиёнаткорону мухолифон бовар накунед, ва агар фурсат меёбед, ҳар рӯз ба онҳо дар посухҳо тамғаи чоплусӣ занед, зеро хиёнат ба Ватан нобахшиданист. Касе, ки иштибоҳ мекунад, бахшида мешавад, вале касе ки хиёнат мекунад, нобахшиданист!

Шарофат Худойдодова – ноиби ректори ДДК оид ба робитаҳои байналмилалӣ