АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ ДАР АРАФАИ ҶАШНИ НАВРӮЗ

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо омадани фасли баҳори накупай дар тамоми минтақаҳои кишвар сокинон бо расму оинҳои хеш омодагӣ ба ҷашни Наврӯзро мебинанд ва ҳамасола ин ҷашни фархунадаро  21-уми март бо як шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол мегиранд.

Бо кӯшишу талошҳои бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷонибдорӣ аз як қатор роҳбарияти давлатҳои дунё 19 феврали соли 2010-ум Қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки дар он, 21-уми март таҷлили Ҷашни Наврӯз - ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ чунин тадбирандешӣ баҳри эҳёи таърихӣ Иди Наврӯз ва таҷлили минбаъдаи ин суннати фарҳанги маънавӣ барои миллати тоҷик фахри бузург аст.

Наврӯз ҷашни омад-омади баҳор, иди такопӯи замин ва бедории зебоиҳои табиат мебошад. Ҷашни фархундапай ва оламафрӯзи Наврӯз аз қадим то ба имрӯз дар дилу дидаҳои мардум ҷо гирифтааст. Бояд ёдовар шуд, ки ин мероси гаронмояи ниёгони мо 7 ҳазор сол қабл аз зуҳури оини  зардуштӣ дар байни мардумони ориёӣ пайдо шуда буд, дар масири таърихи тӯлонӣ бо рангу накҳат ва таровату нигориши дилчасп ҳар сол дар айёми баҳорон таҷлил карда мешавад.
 Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, ки пайомовари фасли баҳор, оғози соли нав, омадани фасли гармо ба шумор меравад.

Мавриди зикр аст, ки ин ҷашни таърихиро дар ҳар як  минтқаи кишвар бо расму анъанаҳои худ пешвоз мегиранд. Оилаи Назаршоевҳо  50 - сол пеш аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони  Бадахшон ба ноҳияи Қумсангир (ҳозира Ҷайҳун) кӯч бастанд.
Гулғунча Аслишоева як тан аз аъзои хонавода аст, ки ҳамасола ҷашни Наврӯзро бо расму оинҳои бадахшонӣ истиқбол мегирад. Зимни суҳбат бо ифтихорамандӣ аз ободию осудагӣ ва соҳибистиқлолии кишвар намуда,  иброз дошт, ки бо  ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дубора эҳё гардида, анъанаҳои он аз нав зинда гардонида шуд.

Дар гирди хони Наврӯз хешу
                         табору ёрон,
Дуранд ё ки наздик, бояст
                        ҷамъ оянд.
Бошад, ки сер бинанд соли
                  дароз ҳамроҳ,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо
               ҳамдигар бипоянд.

Ба замзамаи дилнишини ин таронаи наврӯзӣ Гулғунча Аслишоева афзуд, ки ҷашни Наврӯз як бахши  қадимаи фарҳанги тоҷикон буда, аз гузашта то рӯзгори мо бо як силсила маросими суннатӣ ва шукӯҳу ҳашамат ва зебоиҳову накҳати баҳорона истиқбол гирифта мешавад.  Ҷашни фархундаи хуҷастапайки Наврӯз барои мардумони ориёинажод, алалхусус барои тоҷикон рамзҳои зиёдеро инъикос мекунад.

Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз ҷашнҳои махсус ба ҳисоб рафта, сокинони ин минтақаи кӯҳистон ҳангоми таҷлил аз он, маросим ва оинҳои мухталифе доир мекунанд. Наврӯзи Бадахшон бо бархе аз вижагиҳояш аз ҷашни Наврӯзи дигар манотиқи Тоҷикистон ва ҷаҳон аз ҷиҳати расму оинҳо фарқият дорад.

Ба гуфтаи Гулғунча бо омадани фасли баҳор ва ҷашни Наврӯз занон ба тозагии хона машғул шуда, мардон ба кишту кори баҳорӣ ва кабудизоркунии муҳити зисти хеш мепардозанд.  Дар ин шабу рӯз бо дамидани сабзаву шукуфтани аввалин гулҳои баҳорӣ наврасон баҳри расонидани пайки наврӯзӣ гули сияҳгӯш бардошта, деҳа ба деҳаву хона ба хона мардумро ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай мубракбодӣ мекунанд.
Занони бадахшонӣ бо мақсади тозаву озода намудани  хонаву дари худ иқдом гирифта, баъди хонатакониву рангубори манзилҳои худ дару деворҳоро бо тоқии мардона орд мезананд, ки ин расм аз ниёгонашон мерос мондааст.

Ҳалима Назршоева бонуи дигари ин хонадон ба истиқболи фасли баҳору ҷашни Нарӯз барои бонувону духтарони маҳалла сару либоси бадахшонӣ медӯзад. Ба гуфтаи ӯ бо фарорасии фасли баҳорон фармоишҳои дӯхти сарулибоси хоси мардуми Бадахшон зиёд шуда, аз ин ҳисоб ӯ даромади хуб ба даст меорад.
Ҳалима дар баробари тарроҳӣ ва дӯхти сару либоси миллии бадахшонӣ, инчунин маҳорати ҷӯроббофӣ, омода намудани тоқиву рӯймолҳои гуногунранг ва истеъдоди тайёр кардани гарданбандҳо ва дигар ороишоти занонаро низ дорост. Ҷӯрахон Расулов, коргардон ва устоди саҳнаи театр зимни суҳбат  изҳор медорад, ки маҳз онҳо дар соли 1988 нахустин шуда ҷашнвораи наврӯзиро дар сатҳи вилоят коргардонӣ намуда буданд.

- Дар он солҳо бархе аз сокинон Иди Наврӯзро дар муҳити оила ё маҳал ҷашн мегирифтанд. Ин буд, ки  баъди пешниҳоди аввалин саҳнаи театркунонидашудаи наврӯзӣ баъзе роҳбарони онвақтаи шаҳру вилоят изҳори норозигӣ карда буданд. Аммо новобаста аз мушкилиҳои пешомад дар мавсими  баҳори соли 1988 дар маркази маъмурии вилояти онвақта Қӯрғонтеппа ҷашни Наврӯз бо ҳама анъанаҳои хоси миллии тоҷикӣ таҷлил гардид.
Инак, аз он давра то имрӯз, ба вижа дар солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷашни Наврӯз дар вилояти Хатлон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Мусаллам аст, ки сол аз сол дар баробари баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва худшиносиву худогоҳии сокинон расму анъанаҳои миллии мо рушду равнақ ёфта, аз ҷумла маросимҳои наврӯзӣ беҳтару хубтар баргузор мегардад,- мегӯяд Ҷӯрахон Расулов.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”