Агар баҳор биёяд, тарона хоҳам хонд,
Таронаҳои хуши ошиқона хоҳам хонд.
Бо фарорасии фасли баҳор ва мавсими офтобборон табиат аз таровати нурҳои гарму оби раҳмат бедор гардида, дашту саҳро ба тан ҷомаи сабз пӯшида, фарқи худро аз гулҳои баҳорӣ оро медиҳанд. Дар боғу роғ булбулон ва дигар мурғони хушовоз ба нағмапардозӣ шурӯъ мекунанд. Ин муҳиту манзараи сабзу дилрабо пайки баҳорон меорад ва суруру шодмонии инсон бо оғози фасли баҳор - арӯси сол тавъам аст. Мардуми машриқзамин дар ҳама давру замон фарорасии баҳорро бо шукӯҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифта, ин тантанаи шодиро Наврӯз меноманд. Наврӯз яъне, оғози рӯзи наву ҳаёти нав.
Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии халқҳои форсизабон буда, ба рӯзи аввали солшумории офтобӣ - 1-уми Фарвардин (Ҳамал) ё 21-22 марти солшумории мелодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе минтақаҳои кишварамон «Иди сари сол», «Иди соли нав» низ меноманд. Аксарияти ривоятҳои бостонӣ оғози Наврӯзро ба даврони подшоҳии Ҷамшед нисбат медиҳанд.
Абурайҳон Берунӣ дар китоби худ «Осорулбоқия» дар фасли «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст» овардааст: «Ва чанде аз ҳашвия (мунаҷҷимони бе ягон далел пешгӯикунанда, «мунаҷҷимони бозорӣ») мегӯянд, ки чун Сулаймон бинни Довуд ангуштарини хешро гум кард, салтанат аз дасти ӯ берун рафт, вале пас аз чил рӯз бори дигар ангуштарини худро биёфт ва подшоҳию фармондеҳӣ бар ӯ баргашт ва мурғон ба даври ӯ гирд омаданд. Мардум гуфтанд: «Наврӯз омад!» Яъне, рӯзи тоза биёмад» (Ҳамон ҷо, саҳ.232).
Берунӣ дар ҷойи дигари асараш нигоштааст: «Сабаби ин ки ин рӯзро Наврӯз меноманд, ин аст, ки дар айёми Таҳмурас, собиа (аз дине ба дине шаванда) ошкор шуданд. Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз буд. Ва боз ид будани Наврӯзро чунин гуфтаанд, ки чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт. Дар ин рӯз бар он савор шуд ва ҷину шайтон онро бардоштанд. Ва дар як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Ва мардум барои дидани ин амр дар шигифт шуданд ва ин рӯзро ид гирифтанд» (Ҳамон ҷо, саҳ.233).
Наврӯз ҷашни мардумисет, ки пиру барно, марду зан бо либосҳои идона, бо чеҳраи шукуфон якдигарро табрик гуфта, ҳадяҳо мебахшанд. Пеш аз ид хонаҳои худро тозаю озода мекунанд. Шоирон шеърҳои наврӯзии эҷодкардаашонро ба мардум қироат мекунанд, мутрибону сарояндагон бо созу таронаҳои дилошӯби худ ҳунарнамоӣ мекунанд. Ҳар ҷо-ҳар ҷо духтарон давра шуда, бо дафу доира сурудҳои баҳорӣ месароянд ва бо садои кафкӯбию доира онҳо бо навбат ба рақсидан мебароянд. Намоиши сару либоси миллӣ, аз ҷумла дастранҷҳои гулдӯзию чакан ва гулкорикардашудаи ҳунармандони мардумӣ ба маросимҳои наврӯзӣ ҳусну таровати дигар мебахшад. Ин анъанаҳои наврӯзӣ ҳам аз насл ба насл то замони мо мерос мондааст, ки дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз занону духтарон ба даст ҳино баста, ба абрӯвон ӯсма мекашанд ва худро бо ороишҳои гуногун зинат медиҳанд.
Дар ҳар як хона барои гузаронидани иди Наврӯз суманак ва дигар навъи хӯрокиҳои идона тайёр мекунанд. Суруди халқии «Суманак дар ҷӯшу мо кафча занем» ҳангоми суманакпазии занону духтарон эҷод гардида, то замони мо дар маросимҳои наврӯзӣ тараннум мегардад. Мутаассифона, баъди Инқилоби Октябр ба ин иди муқаддаси мардумӣ, ки ҳанӯз пеш аз ислом пайдо шудааст, тамғаи динӣ зада шуду барои ривоҷу равнақи он чанд муддат кӯшише накарданд. Боиси ифтихор аст, ки бо талошу кӯшишҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 21-уми март аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон гардид ва халқи тоҷик дар қатори дигар халқҳои олам ин рӯзро ҳамчун рӯзи иди миллӣ ҷашн мегиранд.
Наврӯзро рӯзи аввали соли нав меноманд ва аз ин сол пурфайзиву баракатро интизор шуда, дар ин шабу рӯз мардум ба шинондани дарахтон ва зироаткорӣ мепардозанд. Наврӯзро шоирон низ дар ашъори худ васф карда, ҳатто баробаршавии шабу рӯзро низ ба риштаи назм кашидаанд.
Бародар, иди Наврӯзат муборак!
Баробар шуд шабу рӯзат, муборак!
Раҷабалӣ Худоёрзода,
“Ҳамрози халқ”