ВОХӮРИИ ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАИ UNOPS

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

14 марти соли равон дар шаҳри Бохтар узви Кумитаи Иҷроияи   Марказӣ  ва вилоятии  Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мушовири калони директори UNOPS (Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ) Растислав Врбенский вохӯрӣ намуд.

Баррасии имкониятҳои рушди ҳамкориҳо дар самтҳои мухталифи иҷтимоию гуманитарӣ мавзуи меҳварии мулоқот буд. Нахуст, раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо изҳори қаноатмандӣ аз равобити судманду самарабахши бисёрсола  ёдовар шуда, қайд кард, ки имсол 30-юмин солгарди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта шуд.
 

- Итминон дорам, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ ташаббуси ҷаҳониро дар Созмони Милали Муттаҳид пешбарӣ карда, ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳои он, аз ҷумла UNOPS тақвият хоҳад дод. Бояд қайд кард, ки Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ (UNOPS) як бахши амалиётии Созмони Милали Муттаҳид буда, лоиҳаҳоро барои системаи СММ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, ҳукуматҳо ва дигар шарикон дар саросари ҷаҳон амалӣ менамояд.
 

Зимни мулоқот иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои фаъолияти худ дар Тоҷикистон СММ барои таҳкими сулҳ ва пешрафт дар кишварамон саҳмгузор буд. Дар зарфи солҳои 2005-2022 агентиҳои СММ дар доираи барномаҳои гуногун бо мақсади таъмини рушд дар ҳаҷми беш аз як миллиард доллари амрикоӣ кумак расонидаанд. Зикр гардид, ки имрӯз СММ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони дигари рушд ҳамкорӣ намуда, дар амалӣ шудани ҳадафҳои миллии рушд ба Тоҷикистон кумак мерасонад.
 

Созмони Милали Муттаҳид, инчунин вобаста ба буҳрони COVID-19 ва таъсири манфии иҷтимоию иқтисодии он тавассути таҳияи Барномаи вокуниши ҳамаҷонибаи иҷтимоию иқтисодӣ барои Тоҷикистон ба маблағи 61 миллион доллар кумаки фаврӣ расонд. Ҷонибҳо дар вохӯрӣ зикр намуданд, ки таъмини дастрасӣ ба об ва мубориза бо тағйирёбии иқлим аз авлавиятҳои сиёсати Тоҷикистон маҳсуб мешавад, зеро мушкили дастрасӣ ба об ва иншооти беҳдоштӣ дар баъзе маҳалҳо то ҳол идома дорад ва обшавии пиряхҳои Тоҷикистон бинобар гармшавӣ идома дорад. Бинобар ин, Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028" роҳбариро ба уҳда гирифтааст.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо Растислав Врбенский ҳамчунин доир ба зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратии вилояти Хатлон маълумот дода, пешниҳод кард, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои нав пешниҳодҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба дастгирии молиявӣ, грантҳо ва кумакҳои техникӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла барои бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ ба инобат гирифта шаванд.
Инчунин, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, иншооти фарҳангӣ, корхонаҳои истеҳсолии коркард ва хушконидани меваю сабзавот, баланд бардоштани иқтидори содиротии молу маҳсулоти кишоварзӣ аз самтҳои муҳимми ҳамкорӣ бо шарикони рушд номида шуданд.

 

Растислав Врбенский, мушовири калони директори UNOPS, қайд намуд, ки Созмони Милали Муттаҳид бо мақсади таъмини Ҳадафҳои рушди устувор ва Стратегияи миллии рушд барои соли 2016-2030 дар Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард. Мавсуф изҳори итминон кард, ки натиҷаи ин вохӯрӣ барои густариши ҳамкориҳо ва самтҳои нав миёни вилояти Хатлон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба хадамоти лоиҳавӣ имконият фароҳам меорад. Дар  мулоқоти ҷонибҳо, инчунин масоили ҳамкории минбаъдаи Дафтари СММ оид ба хадамоти лоиҳавӣ бо вилояти Хатлон ва рафти татбиқи барномаҳои СММ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шуъбаи иттилоотию  таҳлилии Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон