НАҚШИ СОЗГОРИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Бо дарназардошти нақши зан дар тавлиду ба воя расонидани инсон ва рисолати ҳаётии модарони даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа тадбирҳои муҳим андешида шудааст. Зан-модар дар ҳаёти халқи тоҷик ва хонаводаи мардуми Тоҷикистон мақоми хоса дошта, ин олиҳаи зебоӣ бо фурӯтаниву маърифати баланди хеш ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.

Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мутамаддин, баҳри маърифатнокии занону духтарон аҳамияти хоса дода, ҷиҳати рушду пешрафти онҳо шароити мусоид фароҳам меоваранд. Натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар солҳои соҳибистиқлолӣ занон дар рушди ҷомеа нақши муҳим бозида, имрӯз ҳатто дар соҳаи маорифу тандурустӣ аз мардон дида, занон бештар фаъолият карда истодаанд.
 

Заррина Муминшоева аз зумраи табибони номдори ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад, ки бештари умри худро ба солимии модарону кӯдакон бахшида, бо  фаъолияти пурсамару хизматҳои шоёнаш миёни кормандони соҳаи тибби вилоят ва сокинони ноҳия соҳибэҳтиром гардидааст.
Айни замон ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи таваллуди беморхонаи макразии ноҳия фаъолият дорад. Ӯ 8- уми феврали соли 1965 дар ноҳияи (Колхозобод), имрӯза Ҷалолиддини Балхӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти миё-наи умумии рақами 10-и ноҳия ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯали Ибни Сино дохил шуд. Амалӣ гардидани орзуи ҷавонӣ ба ӯ руҳу илҳоми тоза бахшид, ки давоми солҳои донишҷӯӣ хубу аъло таҳсил карда, илова ба барномаи таълимии Донишгоҳи мазкур ҳамчунин, аз устодони ин муассисаи олӣ дарсҳои иловагӣ мегирифт, то ин ки тамоми нозукиҳои пешаи интихобнамудаашро аз худ намояд.

 

Маҳорату малакаи Зарринаро дида  устодон дар ин ҷода ӯро роҳнамоӣ мекарданд. Баъзан ҳолатҳое мешуд, ки то поси шаб дарс тайёр мекардем,-ба ёд меорад,  Заррина Муминшоева. Ҳамин тавр, бо саъю кӯшишҳои шабонарӯзӣ ин боргоҳи илмиро бо сари баланд хатм намуда, бо тавсияи устодонам барои таҷрибаомӯзӣ ба Беморхонаи марказии вилояти Хатлон омадам.
 

–Баъди соҳиби маълумоти олии тиббӣ шудан барои оғози фаъолият ба ҳайси табиби момодоя ба Беморхонаи марказии ноҳияи зодгоҳам омадам.
Новбаста аз таҷрибаомӯзиҳои гузашта ва омӯзишҳои пай дар пай дар рафти фаъолият ба ҳайси табиб ҳамеша ба маслиҳату роҳнамоии устодону собиқадорони соҳа эҳтиёҷ дошт. Бинобар ин ҳеҷ гоҳ аз пурсидани маълумоте ки намедонист, худдорӣ намекард, зеро табиб бо ҳаёти инсон сару кор дошта як иштибоҳ метавонад оқибати нохуш ба бор оварад.

 

Мурури солҳо ва ҷаҳду талошҳо ба хотири омӯзишу таҷрибаомӯзиҳо ва такмили ихтисосу аз бар кардани нозукиҳои илми тибб имрӯз ӯ ба ҳайси табиби соҳибтаҷрибаву роҳнамои духтурони ҷавон шинохтаву эътироф шудааст. Тӯли зиёда аз 34- соли фаъолият дар ин ҷода аз баракати донишу таҷрибаи ӯ ҳазорон тифлони навзод ба хонадони гуногунмиллати ноҳия хушбахтиҳо овардаанд.
Тавре худи ӯ иброз медорад вазифаи асосии табиби момодоя пеш аз ҳама муомилаи хубу меҳрубонона бо модарон ва ба онҳо фаҳмонида тавонистани тарзи ҳаёти солим, роҳнамоии онҳо ба риояи фосилаи таваллуд ва иҷрои дигар амалҳое мебошад, ки ба тақвияти солимии модару кӯдак мусоидат мекунад.

 

Ба гуфтаи Заррина Муминшоева дар ҳоли ҳозир дар беморхонаи мазкур зиёда 113 нафар занон фаъолият мекунанд. Нисбат ба солҳои пешин дар беморхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Хушбахтона, имрӯз кадрҳои ҷавон дар ҳама соҳаҳои кишвар таҳти ғамхории Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор доран. Тавре Роҳбари давлат зимни як суханронии хеш иброз доштанд: “Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози мамлакатамон тамоми шароитҳои заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем”.
 

Дар чунин шароит давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон масъалаҳои дар низоми таҳсилот ҷорӣ намудани меъёрҳои муосири таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисосу соҳибмаърифат ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнати дохиливу хориҷиро ҷавҳари асосии сиёсати худ эълон карда, барои амалӣ гардонидани нақшаҳои неку созанда дар ин самт ҳамаи захираву имкониятҳоро сафарбар намудааст.
 

Дар баробари фаъолияти корияш  Заррина Муминшоева модари ҳалиму меҳрубон мебошад ва дар таълиму тарбияи фарзандонаш низ саҳми арзанда гузоштааст. Вай соҳиби се фарзанд аст ва ҳамаи онҳо соҳиби маълумоти олӣ буда, имрӯзҳо баҳри пешрафти кишвар дар баробари дигар ҷавонону наврасони бонангу номуси мамлакат дар вазифаҳои мухталиф кору фаъолият доранд. Чуноне, ки ӯ худ иқрор меояд, дар тарбияву камолоти шахсиаш модари бузургвораш нақши бузург ва ин масъулияти  ниҳоят муҳимро аз модар мерос гирифтаву фарзандонашро дар руҳияи илму ҳунаромӯзӣ, меҳру муҳаббати беандоза ба халқу Ватан ба воя расонидааст. Ҳамеша ба ҷигарбандонаш таъкид менамояд, ки тарбияи фарзандро дар мадди аввал гузошта, дар баробари масъулиятҳои ҷамъиятиву рӯзгордорӣ вақт ёфта, бо фарзандони худ китоб хонанд, онҳоро панду насиҳат омӯхта вобаста ба синну солашон дар пайроҳаҳои зиндагӣ роҳнамо бошанд. Ва дар фарҷоми суҳбат таронаи мақбули хешро замзама мекунад:  

Модар ту биҳишти ҷовидонӣ Модар,
Хуршеди баланди осмонӣ Модар.
Дар чашми ту нури  зиндагонӣ ҷорист,
Сарчашмаи меҳри бекаронӣ Модар.

Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”

7.03.2023