Дар урфият мегӯянд, ки модар бо як даст гаҳвора, бо ду даст дунёро меҷунбонад. Бале, модарон ба ҳама кори дунё қодиру тавоноанд. Бо ин ҳама, ки модар сарчашмаи ҳаёт аст, боз ҳам дар рӯзу рӯзгорон занону духтароне дучор меоем, ки бо шодию сурур ва ғаму дарди зиёд ба сар мебаранд. Дар ин матлаб аз сарнавишти як духтари соҳибҳунар қисса мешавад, ки бо сад орзуву ҳавас чодари арӯсӣ омода кард, аммо...
«БА НЕЪМАТҲОИ ДОДАИ ХУДОВАНД ШУКР МЕГӮЯМ»
Меҳринисо Маъруфзода, маъюби гурӯҳи якум аст. Маъюбияташ модарзодӣ нест, дар синни 18 солагиаш ба бемории фалаҷ гирифтор шуда, аз роҳ рафтан маҳрум мемонад. Меҳринисо замоне ба чунин ҳол гирифтор шуд, ки дар фотиҳа қарор дошт ва рӯзи тӯйяш низ маълум буд.
Ӯ 30 сол дорад. Сокини шаҳри Бохтар аст. 13 сол боз инҷониб кунҷи хонаро ихтиёр кардааст. Ҳарчанд пойҳо ва як дасташ ҳаракат намекунад, вале бо як даст чизҳои дидание медӯзаду мебофат, ки дигарон дар ҳайрат мемонанд. Бо ин шуғл рӯзгорашро то ҳадде таъмин мекунад. Меҳринисо Маъруфзода, аз матоъ ҷузвдонҳои гуногун, болишт, чодарӣ медӯзад. Инчунин, аз зарфҳои палстикӣ низ гулҳои ороишӣ месозад. Маҳсулоташ харидор дорад.
«17-уми майи соли 2010 тӯйи арӯсиям буд. Ба бемории фалаҷ гирифтор шудам. Ҳарчанд табобат кардам, вале аз роҳ рафтан маҳрум шудам. Ин насибу тақдир аст. Вале ба ҳамаи неъматҳои додаи Худованд шукр мегӯям. Ҳар рӯз дар хона чунин ашёҳо омода мекунам»,-мегӯяд М. Маъруфзода.
ОРЗУҲОИ АМАЛИНОШУДА
Маҳсули дасти ин духтари ҳунарманд дар чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҳатто дар ҷумҳуриявӣ низ аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии Маъюбони «Шодком»-и вилояти Хатлон ба намоиш гузошта мешавад. «Чизҳое, ки ман медӯзам барои аз худ кардани шахсони маъюбиятдошта душвор нест. Метавонанд, ки дар хонаашон омода кунанд. Онҳое, ки дастонашон ҳаракат мекунанд, метавонанд, ки ҳунар аз худ кунанд. Аз дасти мо маъюбон чунин корҳо меояд»,-нақл мекунад ӯ.
Меҳринисо Маъруфзода соли 2010 бо сад орзую ҳавас барои чодари арӯсияш аз риштаву муҳраҳои рангоранги гуногун пешчодарӣ омода карда буд. Вале бо амри тақдир орзуҳояш амалӣ нашуданд. Ҳар гоҳе, ки ба он пешчодарӣ менигарад, рӯзҳои гузаштаи омодагӣ ба тӯйяш пеши назараш меояд. Ҳоло чунин пешчодариҳоро барои арӯсон омода мекунад. Ҳар як болиште, ки медӯзад аз 60 то 80 сомонӣ нарх доранд.
АЗ БОХТАР БА ХОРИҶА
Ӯ пайваста толош мекунад, ки чизҳои навро бо диди тоза офарад, то харидор дошта бошад. Дар баъзан маврид дар офаридани ин ё он ашё ба Меҳринисо шабакаҳои иҷтимоӣ кумак мерасонад. Ҳар чизе, ки барои фурӯш омода мекунад, онҳоро дар саҳифаи шахсии инстограми худ мегузорад.
«Аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «Шодком»-и вилояти Хатлон ҳунарҳои дастии худро дар як чорабинӣ дар шаҳри Душанбе ба намоиш гузоштем. Онҷо меҳмонон аз хориҷи кишвар буданд. Як ҷузвдони духтаамро 150 сомонӣ харидорӣ карда, ба хориҷа бурданд. Қарор аст, ки аз ин ҷузвдонҳо ба Китобхонаи Миллии Тоҷикистон мебаранд»,-ироа кард Меҳринисо Маъруфзода.
«БА АРОБАЧАИ МАЪЮБИИ ЭЛЕКТРОНӢ НИЁЗ ДОРАМ»
Азбаски Меҳринисо маҳорати хуби дӯзандагию бофандагӣ дорад, қарор аст, ки ӯро дар Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «Шодком»-и вилояти Хатлон ба кор қабул карда, ба ҳамтақдиронаш тарзи омода кардани ҳунарҳои дастиро нишон диҳад. Хонаашон аз ҷойи кори дарназардошта шуда хеле дур аст ва ба онҷо рафтан мушкилӣ мекашад.
«Ман аробачаи маъюбии оддӣ дорам. Аз баски як дастам ҳаракат мекунад, наметавонам, ки ба танҳоӣ худамро ба ҷойи лозима бирасонам. Ба аробачаи маъюбии электронӣ ниёз дорам. Аз нафарони хайрхоҳу саховатпеша хоҳиш менамоям, ки дар дастрас кардани чунин аробачаи маъюбӣ кумак расонанд. Шумораи телефони ман: 889999795»,-мегӯяд Меҳринисо Маъруфзода.
Аҳли эҷоди нашрияи «Ҳамрози халқ» умед дорад, ки баъди нашри ин матлаб шахси хайрхоҳе пайдо шуда, ба Меҳринисо Маъруфзода аробачаи маъюбии электронӣ дастрас мекунад. Дасти кумак расонидан ба афроди ниёзманд, аз ҷумла шахсони имконияти маҳдуддошта аз амалҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Меҳринисоро ба муносибати Рӯзи модар, фарорасии баҳори нозанин табрику таҳният гуфта, барояш саломатии бардавом ва рӯзгори босаодатро таманно менамоем.
Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»
7.03.2023