110-СОЛАГӢ МУБОРАК, ФОТИМА САЛИМОВА!

КИВ: Нашрияи Ҳамрози халқ  

Сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон Фотима Салимова ба синни мубораки 110 расид. Агарчи фарзандонаш бобою бибӣ шуданд, вале хушҳол ҳастанд, ки модар канорашон аст. Дар урфият мегӯянд дарахт бо об месабзаду инсоният бо дуо. Ҳамин аст, ки фарзандони Фотима Салимова ҳар кореро, ки ан-ҷом медиҳанд, бо дуои модар оғоз мекунанд.

ҚИССАИ МОМАИ ФОТИМА

Ҳамасола 8-уми март дар Тоҷикистон Рӯзи Модар бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Модарон арзандаи ин ҳама қадршиносиро доранд. Аҳли эҷоди нашрияи «Ҳамрози халқ» бахшида ба ин рӯзи фараҳбахш аз зиндагӣ ва рӯзгори момаи Фотима Салимова матлабе омода карда, пешкаши Шумо хонандаи азиз мегардонад. Модар фариштаи рӯйи замин, офарандаи ҳаёт, тарбиятгари инсон ва азизтарин шахс барои башарият аст. Қадру манзалати зан-модар болотар аз ҳама дороиҳои рӯйи олам аст. То он вақте, ки модар дар ҳаёт аст, дар ҳаққи фарзанд дуогу мебошад. Тамоми ҳастиву вуҷудашро баҳри оромиву осоиштагии фарзанд мебахшад.

Фотима Салимова, дар ҳаёт рӯзҳои сахтеро мисли ҷудоӣ аз шавҳар, иштирок дар ҷанг, кор дар колхозу совхоз ва амсоли инҳо паси сар кардааст. 20-уми январи соли 1913 дар деҳаи Руҳафзо (собиқ Туябуюн)-и ҷамоати деҳоти Саидмӯъмин Раҳимов (пештара Ҷорубқул)-и ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Ба гуфтаи ин пиразани 110 сола ӯ дар синни 17 солагиаш ба Мустафоқулов ном ҷавони ҳамин ноҳия ба шавҳар баромадааст. Баъди як муддати зиндагиашон шавҳараш соли 1941 бо сар шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ба фронт меравад. Мутаассифона дар набардҳои зидди фашизм қаҳрамонона ҳалок мегардад. Баъди ин момаи Фотима мисли дигар занҳои тоҷик низ дар ақибгоҳ баҳри пирӯзӣ ва мустаҳкам намудани қобилияти мудофиаи Ватан ва Қувваҳои Мусаллаҳи он шабу рӯз кору меҳнат мекарданд. Маҳз ба ин хотир момаи Фотимаро соли 2020 аз номи Президенти Федератсияи Русия бо медали “75 солагии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1941-1945” сарфароз гардониданд.

КОР ДАР КОЛХОЗУ СОВХОЗҲО

Соли 1948 момаи Фотима маротибаи дуюм ба шавҳар мебарояд. Баробари марди хона, барои кашонидани аробаи зиндагӣ, таъмини рӯзгор ва инчунин рушди соҳаи хоҷагии халқи ноҳия дар собиқ колхозу совхозҳо содиқона заҳмат мекашидааст. Он давра ҳар кореро, ки дар колхозу совхоз анҷом медоданд, сари вақт пулашонро мегирифтанд.
 

«Дар собиқ колхози “Правда” колхозчӣ шуда кор мекардам, ба ғаллакорию чорводорӣ ва соҳаҳои дигари хоҷагӣ машғул будем. Гоҳҳо ҳангоми ҷамъоварии пахта ҳамроҳи колхозчиҳо ба хоҷагиҳои пахтакории дигар деҳаҳову ноҳияҳо мерафтем. Зиёда аз 40 сол собиқаи корӣ дорам. Он вақт ҳама мардум ба кори саҳро мебаромад. Дар ягон минтақа ҳатто як порча замин аз гардиш дур намемонд. Заминҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор назорат бурда мешуд. Мардум низ ба кори замин зиёд майл доштанд. Зеро бо маоши хуб таъмин буданд»,-нақл мекунад момаи Фотима.

«БА СУХАНИ ҲАМДИГАР ГӮШ МЕДОДЕМ»

Ҳарчанд момаи Фотима Салимова ба синни мубораки 110 қадам мондааст, вале худро бардаму солим ҳис мекунад. Бидуни кумаки касе роҳ меравад. Ӯ соҳиби 3 фарзанд, 20 набера, 75 абера ва 13 чабера аст. Фарзандонаш 73,66 ва 60 сола мебошанд. Ба нақли ӯ маҳз якдигарфаҳмию муҳаббат дар оила буд, ки имрӯз оилаашон то кунун мустаҳкам мебошад.
 

«Зану шавҳар бояд ҳамеша бо ҳамдигар муносибати хуб дошта бошанд. Гоҳҳо мардҳо барои коре ғазабнок мешаванд, дар чунин ҳолат занҳо хомӯширо пеша кунанд. Дар зиндагӣ ҳарчӣ шуданаш мумкин аст, вале пеш аз ҳама инсон бояд сабур бошад. Агар дар зиндагӣ ҷангу ҷанҷол бошад, таъсираш ба зиндагии фарзандон низ мерасад. Мо ҳам дар зиндагӣ мушкилиҳои зиёдро паси сар кардем. Ба сухани ҳамдигар гӯш медодем»,-гуфт дар идомаи суҳбат пиразани рӯзгордида.

ХУШБАХТТАРИН МАРДИ ДУНЁ

Қарабой Гулаев, фарзанди калонии момаи Фотима аз он хушҳол аст, ки имрӯз модараш дар канораш қарор дорад. «Падару модар доштан ин як давлати калон аст. Баъзе нафарон ба қадру қимати модар намерасанд. Гоҳҳо онҳоро беҳурматӣ мекунанд. Имрӯз ман ҳам падараму ҳам бобо. Мо ҳам фарзанд калон кардем. Модар шабҳо намехобад. Канори гавҳора нишаставу алла мегӯяд. Шир медиҳад. Ба воя расонидани фарзанд, кори осон нест. Бояд ҳар як шахс ҳурмати волидайнро баҷо биёрад. Ҳар гоҳе, ки очаамро дар хона мебинам, худамро хушбахттарин марди дунё меҳисобам»,- мегӯяд писари момаи Фотима.

КУМАК БА МОМАИ ФОТИМА

Фотима Салимова, шояд дар ноҳияи Темурмалик ягона зане аст, ки ба синни мубораки 110 қадам мондааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, ки собиқадорони меҳнат, шахсони ниёзманд, оилаҳои камбизоат ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор доранд. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик ба аёдати Фотима Салимова рафта, кумаки молию пулӣ расониданд.

Мо аҳли эҷоди нашрияи «Ҳамрози халқ» момаи Фотима Салимоваро барои расидан ба синни мубораки 110 солагиаш ва рӯзи Модар таҳният гуфта, пеш аз ҳама саломатии бардавом, рӯзгори осоишта ва умри пурбаракатро таманно менамоем. Ин мисраъҳои каломи устод Лоиқ Шералиро ба эшон мебахшем.

Замину осмони ман туӣ модар,  туӣ модар,
Ҷаҳони бекарони ман туӣ модар, туӣ модар.

Амонҷон Муҳиддинов,
«Ҳамрози халқ»

7.03.2023