Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи модар чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чарабинии мазкур Қумринисо Гулмуродзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Наргис Қурбонзода, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ, муовини раиси шаҳри Бохтар, Неъматулло Иброҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Офоқ Қодириён, сардори шуъбаи матбуотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия, занону бонувони фаъол ва собиқадорони ҳизбу меҳнати шаҳри Бохтар иштирок доштанд.
Сароғоз Неъматтулло Иброҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба сухан баромада, иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми занону модарони кишварро ба ин рӯзи фархунда таҳният гуфта, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар роҳ ба самти рушди давлати демократии ҳуқуқбунёдро пеша намуд, ки асосҳои он ба таври возеҳ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки мушкилоти беҳтаргардонии шароити занон ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Новобаста ба душвориҳои сангини солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ноустувории амнияту суботи кишвар Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демок-ратии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвият бахшидани мавқеи занон дар ҷомеа ва фаъол гардонидани нақши онҳо, тарбияи насли худшиносу худогоҳ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расониданд, ки ин дар таърихи навини Тоҷикистон имконияти васеъ пайдо намудани занонро дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин намуд.
Дар идомаи чорабинӣ Қумринисо Гулмуродзода доир ба нақши занон дар таҳикими сулҳу субот ва рушду пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ карда, аз ҷумла қайд намуд, ки имрӯзҳо занон дар баробари мардон дар вазифаҳои гуногун баҳри рушду нумуи кишвар нақши созгор доранд.
Таърих собит намудааст, ки ҷомеа дар ҳама давру замон ба нақши зан ва саҳми вай дар рушди ҷомеа ниёз дорад. Имрӯз мақоми зан густурда гардида, имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоию сиёсии кишварамон фароҳам шудааст. Истиқлоли давлатӣ баҳри тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътареро фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист нерӯи созандаи худро баҳри ободию пешравии кишвари худ сарф намуда, дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона ширкат варзанд.
Ҳамчунин дигар баромадкунандагон низ доир ба бузургӣ ва қадру манзалати модар баромад намуданд. Ҳамзамон дар бахши анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба як қатор занони фаъолу собиқадор Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки барои меҳмонон дастархони идона ороста шуда, бо суруду таронаҳои ватандӯстона дар васфи Ватан-Модар хотири ҳамагонро болида гардониданд.
Аҳлиддини Муборакшоҳ,
“Ҳамрози халқ”
7.03.2023