ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ АСТ

КИВ: Андеша  

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо садҳо ҷавонмардони бо ору номуси диёрамон бо амри дил баҳри ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлоли давлати ва иқтидори мудофиавии он барои хизмати содиқона ба Ватан-Модар ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сафарбар шуда истодаанд.  Онҳо хуб дарк мекунанд, ки дӯст доштани Ватан ин дӯст доштани модар аст ва бо дарки чунин масъулият баландро бояд ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар донад.

 Бояд гуфт, ки барои чунин ҷавонони шуҷову ҷавонмард, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи кишвар баҳри хизмати сарбозон дар қисмҳои низомӣ тамоми шароитҳои мусоид фароҳам гардидааст, ки аскарон тавонанд, бе ягон мамоният адои хизматро баҷо оранд.

 Бинобар ин ҳамаи ҷавононро зарур аст, ки аз хизмат намудан саркашӣ накунанд, баръакс барои дифо намудани марзу буми миллати куҳанбунёдамон ҳамеша омода бошанд, чунки оромиву осудагии мардуми сарбаланди моро каси дигар таъмин наменамояд.

Воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ боиси ифтихору сарбаландист.

Бояд ҷавононро ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба хизмати Ватан омода кард. Дар мактабҳои миёна зарурати хизмати ҳарбиро амиқу дақиқ бояд омӯзонд.

Ҳар ҷавон пас аз хатми мактаб бояд хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷа донад.

Барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.

Ватанпарастӣ арзиши муқаддас ва яке аз рукнҳои муҳимтарини тарбия мебошад.

Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, кӯдакистон, мактаб оғоз шуда, дар ҷомеа ниҳоят, дар сафи Артиши миллӣ рушд меёбад. Дар шуури бачаҳо бедор сохтани ҳисси муҳаббат ба диёр, кишвар ва сарзамин вазифаи падару модарон, ҷомеа ва омӯзгорон мебошад.

Аслиддини Муҳсиддин, мутахассиси шуъбаи молияи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон