ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИВУ ВАТАНДОРӢ

Кушониён: Созандагони ватан  

Дар ноҳияи Кӯшониён чорабинии ҳарбӣ - ватандӯстии “Ватанпарвар”, бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хатмкунандагони синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро масъулини ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”- мушовири кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия Абдувоҳидов Абдуғанӣ ташкил ва роҳбарӣ намуд.

Иштирокчиён маҳорату малакаи худро аз рӯи намудҳои гуногуни машғулиятҳои ҳарбӣ намоиш доданд. Чорабинии ҳарбӣ - ватандӯстии мазкур, ки  дар сатҳи баланди масъулиятшиносӣ баргузор карда шуд, дар тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон саҳми босазо мегузорад.

Бояд қайд намуд, ки дар арафаи яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол 30-солагии таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватан мебошад, қарор дорем. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва меҳнату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст. Ҷавонони бонангу номуси ноҳияи Кӯшониён хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист.

Чунин чорабиниҳои ҳарбӣ Ватандӯстӣ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ идома дошта, сатҳи омодабошӣ ва тайёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.