ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТӢ

Кушониён: Созандагони ватан  

 

Санаи 03.02.2023 вобаста ба обу ҳавои мусоид Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён имрӯз бо волонтёрони ҳизбӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонӣ аксияи “Тозагӣ гарави саломатӣ”-ро баргузор намуданд.

Волонтёрони ҳизбӣ аз фурсати муносиб истифода намуда, гулгашту хиёбонҳоро аз партову маводҳои пластикӣ тозаву озода намуда, дар тозагии маҳал саҳми худро гузоштанд.

Чунин амалҳои неку созанда баҳри солимии ҷомеа, тозагӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ минбаъд низ пайваста роҳандозӣ карда мешаванд.