Дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар

Норак: Андеша  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа менамояд. Дар ҳама Паёмҳои Пешвои миллат  кулли сохторҳои ҳукумат ва  натиҷаҳои кору фаъолияти онҳо  мавриди таҳлил қарор ёфта, фаъолияти тамоми самтҳои хоҷагии халқ, нақшаву дурнамои онҳо тарҳрезӣ ва вазифагузорӣ мешавад. Сарвари давлат соли 2022 низ сохторҳои гуногуни хоҷагии халқро дақиқназарона баҳо дода, ба фаъолияти ҳар як вазорату идораҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар  Паёми навбатиашон Сарвари  давлат  дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар замони соҳибистиқлолӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, дар ин самт барои соҳибкорон имтиёзу сабукиҳои зиёд ҷорӣ карда шуданд.   

То имрӯз ба онҳо беш аз 120 намуди имтиёзу сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шуда, шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1 кам гардида, хизматрасонӣ дар ин самт ба таври ройгон ба роҳ монда шудааст.  

Дар соли 2022 маблағи имтиёзҳои андозиву гумрукии истифодагардида зиёда аз 12 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла аз ҳисоби паст ва бекор кардани меъёрҳои 5 намуди андоз зиёда аз 1,5 миллиард сомонӣ ҳамчун дастгирӣ дар ихтиёри субъектҳои соҳибкорӣ боқӣ мемонад.

Дар натиҷа соли 2022 шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ба 339 ҳазор расид, ки нисбат ба соли 2018 беш аз 76 ҳазор зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони мамлакат, дар навбати худ, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои кории нав саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Танҳо дар панҷ соли охир аз ҷониби соҳибкорони мамлакат ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ қариб 18 ҳазор иншооти таъиноти истеҳсоливу иҷтимоӣ сохта, ба истифода супорида шудааст.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ менамояд.

Аз ин лиҳоз  соҳибкорони моро  зарур  аст, ки ҷиҳати боз ҳам  обод  гардонидани диёри хеш  саъю кӯшиш  намоянд, барои пешрафт  ва зиндагии осоиштаи  мардум  саҳмгузор  бошанд.

Валиев  Рамазон, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак