“КУМАК БА МАЪЮБОН” — ШӮЪЛАЕ ДАР ҚАЛБИ МАҲЗУН

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар Тоҷикистон маъюбон ҳамчун қишри ҷудонашавандаи ҷомеа ба шумор рафта, онҳо низ метавонанд бо кору пайкори созандаву содиқонаашон дар рушду инкишоф ва тараққиёти кишвар ҳиссагузор бошанд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдомoҳои наҷиберо дар самти дастгирии ин табақаи ниёзманди ҷомеа роҳандозӣ кардааст.

Дар замони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талошҳоро баҳри таъмини кафолати иҷтимоии шаҳрвандон, хусусан маъюбон равона карда, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони имконияташон маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҲХДТ ба ҳисоб меравад.

Дастгирии ниёзмандон кори хайру накӯ ва садақот ҳамчун рукни тарбияи маънавӣ барои халқу миллати тоҷик анъана гардидааст. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон низ бо мақсади дастгирии маъюбон тӯли чанд муддат аст, саҳифаи фейсбукиро бо номи “КУМАК БА МАЪЮБОН” боз намудааст, ки ин табақаи осебпазир аз ҷониби ҷомеа дастгирӣ меёбад.  

Лозим ба зикр аст, ки ҳар нафаре нияти садақот дорад, метавонад аз маводҳои саҳифаи мазкур бевосита (тамос бо парастори шахси маъюб) ва ё ба воситаи сохторҳои ҳизбӣ (тариқи нишонии саҳифа https://www. facebook.com/kumakhkhdt) истифода барад. Яъне ҳар шахсе, ки мехоҳад хайр, садақа ва ё кори неке баҳри дастгирии ниёзмандон аз ҷумла маъюбон   кунад, пас ин имконият барои ӯст.  Дар воқеъ ташкили саҳифаи фейсбукии ҳизбӣ, ки он қишри ниёзманди аҳолиро бо саховатпешагон пайваст мекунад, икдоми наҷиб аст. Ба ин васила савобҷӯён ба маъюбон дасти мадад дароз карда, ҳисси ҳамдардии худро нишон дода, рисолати накӯи инсониро ба иҷро мерасонанд.  

Саҳифаи фейсбукии КУМАК БА МАЪЮБОН” яке аз ташаббусҳои беҳтарин ва саривақтии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон буда, қобили дастгирист. Мегӯянд, ки хайрро ончунон анҷом деҳ, агар бо дасти ростат анҷом додӣ, дасти чапат хабар наёбад. Воқеан ҳам ин ташаббуси ҳизбиён қобилӣ дастгирӣ аст ва ҳар нафар имкон дорад, ки бе ягон намоишкорӣ аз дилхоҳ ҷой ҳамин амали хайри худро анҷом диҳад. Охир аз нафари имконияти маҳдуддошта дида, ки ниёзмандтар аст? Дар ин ҷода бояд ҳамагон ташаббускор бошем ва эшон аз мадди назари мо дур набошанд. Ғамхорию дастгирӣ нисбати ҳамдигарӣ, хусусан, нисбати маъюбон аз амалҳои беҳтарини инсонист, ки пушти он хайру савоби зиёд нуҳуфта аст.

Мебояд, ки дар қалби мо ҳисси шафқату меҳрубонӣ нисбат ба табақаи ниёзманди ҷомеа шӯъла дошта, афроди ниёзманди ҷомеа аз он бархурдор бошанд. Албатта, ки дил мехоҳад солим бошем, аммо чӣ чора, қисмат ҳамин будааст.

Биёед дар кори хайру савоб шарик мешавем ва кумаки худро бо андозаи тавони худ ба маъюбон мерасонем.

Ғафурзода Рухсора, мудири шуъбаи кор бо занони ХХДТ дар вилояти Хатлон