ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "НОЗИРОТИ АНДОЗ"

Ҷ.Балхӣ: Ҳисобот  

Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлисҳои ҷамъбасти дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023, дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ идома доранд.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нозироти андоз» бо иштироки Алиев Зафар- мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор карда шуд. Дар маҷлис шаш масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нозироти  Андоз» оғоз намуда, доир ба фаъолияти такшилот дар соли 2022 ҳисобот дод. Дар маҷлис ҳамаи масъалаҳои рӯзнома баррасӣ гардида доир ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Сипас Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, ҷорӣ гардидани рейтинги ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоӣ ва ҳамкорӣ намудани хазинадори “Нозироти андоз” бо сармуҳосиби Кумита ва Комиссияи тафтишотӣ ибрози андеша намуд.