ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲО НАЗАРРАС АРЗЁБӢ ГАРДИД

Кушониён: Ҳисобот  

Санаи 20 январи соли ҷорӣ, дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид.

Дар маҷлис Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён, аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ, Навруз Ҳусейнзода муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ҳакимзода Миҷгона раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён, вакилон, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва котибони ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ҳизб  иштирок доштанд.

Рӯзномаи маҷлис аз рӯи чор масъала аз ҷумла:

1.Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023;

2.Дар бораи тасдиқ намудани нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён барои соли 2023;

3.Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4.Масъалаҳои ҷорӣ (Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи  маҷлис Раиси Кумитаи ҷроияи ҳизб Ҳакимзода Миҷгона оид ба Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023 маълумоти муфассал манзур дошт.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис шахсони масъул баромадҳои мушаххас намуданд. Дар ин росто, музокирачиён ба сухан баромада, ҷамъбати натиҷаҳои Кумитаро назаррас арзёбӣ намуда, қаноатбахш ҳисобиданд ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Нахуст, Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Навруз Ҳусейнзода дар баромадаш оиди  аксияҳои ҳизбӣ ва саҳмгузории вакилон дар аксияҳои ҳизбӣ, омодагиҳо ба таҷлили 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  пардохти ҳиққи узвият қабули аъзои ҲХДТ, Рейтинги ҳизбӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ кард.

Дар охир иброз дошт, ки “Мо бояд аъзоёни ҲХДТ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои олии Барномаи ҲХДТ камари ҳиммат баста, Пайравони асили Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бошем”.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷамъбаст узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар баромади худ қайд намуд, ки ҳизбе, ки мову Шуморо ба ҳам овардааст, имрӯз дар ҷомеаи навини Тоҷикистон обрӯву нуфузи баланд дорад ва ҷаҳду талошҳои доимии Сарвари ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ободонии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми ӯст, ҳизби моро нерӯи нав мебахшад. Ҷойи пӯшида нест, ки сафи мо пайваста афзоиш меёбад. Ин раванди нек масъулияти ҳар як аъзои ҳизбро дучанд мегардонад. Чи тавре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд: «Ҳар як узви ҳизби мо худро аъзои комилҳуқуқи як нерӯи бузург эҳсос мекунад, ки масъулияти баланди созандагиву бунёдкориро ба дӯш гирифтааст. Аз ин рӯ, моро лозим аст, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани мақсадҳоямон дар таҳкими ҳамраъйии ҳизбӣ бо қувваи дучанд заҳмат кашем».

Ҳизби мо ҳизби мардумӣ аст ва равобити мустаҳками байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва мардуми кишвар моро ҳар  замон водор месозад, то дар маркази ҷараёни ҳодисаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ қарор дошта бошем.

Вазифаи асосии мо ҳизбиён, ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин бурдани корҳои ташвиқотию таблиғотӣ, сафарбар намудани аъзои ҳизб, тарафдорони он, умуман аҳолӣ ба корҳои бунёдкорию созандагӣ мебошад. Дар ин росто барои идомаи раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ ва амалӣ намудани нақшаву барномаҳо ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ бо мардум ба вакилон, аъзои Кумита ва раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.