МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ҷ.Балхӣ: Ҳисобот  

Санаи 20 январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  дар соли 2022 баргузор гардид. Дар Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия намояндаи КИВ ҲХДТ Раҳимзода Меҳроҷ, муовини раиси ноҳия Бегмуродзода Файзиддин ва раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия, Сулаймонова Лола  иштирок намуданд.  қобили қайд аст, ки дар маҷлиси Кумитаи иҷроия дар ноҳия масъалаҳо оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023, ҳисоботи Гурӯҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар соли 2022, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои соли 2023, тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи Қарори Маҷлиси КИМ ҲХДТ аз 30.11.2022, №1 “Дар бораи рафти иҷрои қарорҳои анҷуманҳои 13 ва 14 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳилаи минбаъда”, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб ва масъалаҳои ташкилӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд. Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Сулаймонова Лола  оид ба фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳия дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баромад намуд. Сипас дар музокира Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия, Қурбонов Шариф аъзои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” дар ноҳия ва “Маркази саломатӣ” дар ноҳия шунида шуд. Намояндаи КИВ ҲХДТ Раҳимзода Меҳроҷ ва узви Кумитаи иҷроия дар ноҳия, муовини раиси ноҳия Бегмуродзода Файзиддин оид ба вазифаҳои аввалиндараҷаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои ҳизбӣ, назорати ҳаракати аъзои ҳизб, дастуру супоришҳои мушаххас доданд. 

Доир ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис Раиси Шӯрои собиқадорони ҳизб дар ноҳия, Абдулҳаев Маҳмасаид, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроия дар ноҳия Шодиева Нозанин баромад намуданд. Доир ба масъалаҳои баррасӣ гардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда дар фарҷоми маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия фаъолон бо Сипоснома ва туҳфаҳои расмзӣ қадрдони гардида, якчанд ҷавонон  аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ”, бо Шаҳодатномаи ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.