МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ДӮСТӢ, БАРГУЗОР ГАРДИД

Дӯстӣ: Ҳисобот  

Санаи 16.01.2023, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ, Маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар соли 2022 ва нақшаҳо, барои соли 2023 баргузор гардид.
Дар маҷлис, Раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ, намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Шодиев Дилшод,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии ноҳия иштирок доштанд.

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроия масъалаҳои зерин мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
  1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023.
   2. Ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, барои соли 2023.
  3. Тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2023.
  4. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  5. Қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб.
   6. Ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ дар соли 2022.
   7. Масъалаҳои ҷорӣ.
Вобаста ба масъалаи якум, Раиси Кумитаи иҷроия Қурбонов Абдулҳафиз доир ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023 баромад намуд.  Мавсуф қайд намуд, ки новобаста аз камбудию пешравиҳо кормандони Кумитаи иҷроия соли 2022-ро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуда дар пешравию корҳои созандагӣ, тарғибу таблиғи ҳадафу барномаҳои ҳизб ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни аҳолӣ саҳми арзанда гузоштанд.
Дар идомаи маҷлис котиби ташкилоти ибтидоии деҳоти "Г.Гулмуродов"  Зардакова Назира ба музокира баромада вобаста ба фаъолияти ташкилот дар ҳудуди ҷамоат ҳисобот дод.
Ҳамчунин дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Доир ба масъалаи шашуми рӯзномаи маҷлис, ҳисоботи роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ, дар соли 2022 Зоҳирзода Саймухтор шунида шуд.
Сипас намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Шодиев Дилшод ба сухан баромада, оиди фаъолияти ҳизбӣ, баргузории аксияҳои ҳизбӣ, хусусан ташаббусҳои ҳизбии "Соати сиёсӣ" ва "Мактаби ман" ибрози андеша намуданд.  Номбурда қайд намуд, ки дар баробари дигар Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ низ назаррас буда, дар сомонаи Кумита ҳамарӯза хабару андешаҳо ва вокунишҳо сари вақт ҷой дода мешаванд.
Дар анҷом раиси ноҳияи Дӯстӣ, Нишонзода Даврон Назаралӣ баромад карда фаъолияти раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстиро дар соли 2022 назаррас арзёбӣ карданд.
Ҳамчунин қайд намуданд, ки дар соли 2023 низ фаъолиятро хуб ба роҳ монда дар якҷоягӣ бо вакилони ноҳиявӣ ва фаъолони ноҳия бар зидди гурӯҳҳои экстремистию ифротӣ вокунишҳои саривақтӣ нишон дода манфиатҳои давлату миллатро дар сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ иникос намоянд.

Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои баррасигардидаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.