Сарсабз гардонидани муҳити зист, масъулияти ҳар яки мо мебошад.

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бахшида ба 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, дар якҷоягӣ бо Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Дӯстӣ, дар деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони "Сарсабз гардонидани муҳити зист, масъулияти ҳар яки мо мебошад" баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур раис ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия, кормандони Бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия, аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ва дигар роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Иштирокдорон шафати роҳи мошингардро аз алафҳои бегона тоза карда дарахтони атрофро ба тартиб дароварданд.
Ҳамчунин барои сарсабз гардонидани ин мавзеъ зиёда аз 400 ниҳоли арча шинонида шуд.