ҲХДТ БА ИН ҚИШРИ ҶОМЕА ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС ЗОҲИР МЕНАМОЯД

А.Ҷомӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус маъюбон яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ба шумор рафта, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ тадбирҳои судманд ва созанда анҷом дода мешаванд.
Бо дарназардошти ин ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои нақшаи кории Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Назокат Қосимова ба ду нафар барҷомондагон – Муҳамадҷон Абдуллоев ва Гулрӯ Солиева - сокини ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ нафақаи ҳизбӣ дода шуд.
Суратгузоришҳо аз ҷараёни супоридани нафақаҳои ҳизбӣ ба ниёзмандон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ омода ва пахш карда шуданд.