БАҲРИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти ҶСК “НБО Роғун” ва намояндагонии 18 шарикони стратегӣ дар НБО Роғун, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим Сайвалиевич, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштироки фаъолона намуданд.
Мақсад аз баргузор намудани ин чорабиниҳо ин баланд гардонидани сатҳи некуаҳволии мардум ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинони шаҳр мебошад.
Бояд гуфт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарасти маънавии НБО “Роғун” ба ҳисоб меравад. Ва дар ин замина ҲХДТ кӯшиш менамояд, ки барои расидан ба Истиқлолияти комили энергетикӣ саҳми худро гузошта бошад.