ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН...

Кӯлоб: Вокуниш  

Ҷаҳони муосир рӯз ба рӯз хатарноку пурташвиш шудаву рӯ ба истисмори одам алайҳи одам овардааст. Беҷурму гуноҳ рӯзе садҳо  касон, дар ҳар гӯшаи олам, мавриди шиканҷаву азоб қарор гирифта, даҳҳо нафарашон кушта мешаванд. Дар ин миён шумораи кӯдакону модарон ва шахсони солхӯрда кам набуда, садҳо деҳаву шаҳрҳо вайрону валангор мегарданд, месӯзанд, хокистарашон ба бод меравад. Садҳо касони дигар зери хоку тахтапораҳои қирӣ монда, садҳои дигар ҳар гуна ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардоранд, маҷрӯҳ мешаванд. 
 Баъди ғалабаи халқи Шӯравӣ аз болои Германияи фашистӣ роҳбари давлати щӯроҳо И. Сталин дар ҳозирии сарони давлатҳои ИМА ва Британияи Кабир гуфта буд: «Мо муваззафем сулҳро барои 70-80 соли охир таъмин намоем». Ин пешгӯии доҳии пролетариат баробар ба умри давлатӣ шӯравӣ кифоят кард. Баъди 70-сол СССР пош хӯрд. Сулҳу оромӣ дар сайёра зери хатар монд. Қудратҳо беҳиҷобу бетарс ба фаъолият сар карданд. Махсусан, олами ғарб бо сардории ИМА, барои ҳокими мутлақ шудан дар ҷаҳон, ба майдони мубориза баромаданд. Мехоҳанд тамоми мардуми сайёра дар итоати онҳо бошад, не дар итоати онҳо пиндор саҳл аст, аз они онҳо бошад.
ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Лаҳистону Маҷористон, Итолиё, Испониё, Япониё, Конодо ва ғайраҳо аз ин ғояи нахайру ғайриинсонӣ (агрессивӣ) дастгирӣ намуда, дар фикри суду даромад гом мезананд, не ба шаст медаванд. Давлатҳои думрави ИМА бегумон аз он, ки фардо ё пасфардо ҳатман ситам хоҳари калони хеш-ИМА-ро хоҳанд кашидаву болои сарашон бомбаборону рокетаборон хоҳанд дид: 
 Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад нарасад,
 Як бад накунад то ба худаш сад нарасад. 

Аз мантиқ дур нест, ки амрикоиҳоро, роҳбарони давлат дар назар аст, хатари глобалии иқлимӣ, яъне аз меъёр зиёд гарм шудани ҳарорати сайёра ва зери об мондани ҳудуди маъмурияш ба ташвиш овардааст аз як ҷониб ва аз ҷониби дигар хирс, судхоҳӣ, нафси бад, бузургманишинӣ аз доираи ақл, хирад берунашон бурдааст. Гурусначашмӣ оқибат ба гӯрашон мебарад. 
Россия – халқи рус ва халқиятҳои дигари ин давлати паҳновар бешак, аз ҷумлаи бузургонанд. Масоҳати ин кишвари пурфайз аз масоҳати ҳамаи давлатҳои дигари олам, дар алоҳидагӣ ва тамоми қитъаи Европа дар маҷмӯъ бузургтар аст. Хокаш зархезу пурганҷ буда, иқлимаш, табиаташ мафтункунандаанд. Шумораи ҳайвонотҳои хонагиву ваҳшияш беандоза ва бешумор аст. Танҳо чӯби Россия метавонад бозори ҷаҳонро таъмин намояд. 
«Русҳо миллати ба ору номус, меҳнатӣ ва муборизанд. Кӣ дидааст, ки марди русе дар кӯча семичка, сақичу ранг фурӯхта бошад. Марди рус дар шахта кор мекунад, оҳан мегудозад, дар Арктика меҳнат менамояд, меофарад, месозад», - мегӯяд Шоири халқии Тоҷикистон, устод Бозор Собир. Ман ин сухани устодро тақвият дода илова мекунам, ки русҳо рӯи баҳру кӯлҳо пулҳои азиму дарози пурқуввату беназири мошингузару қаторагузар месозанд. Ду канори баҳрҳоро бо ҳам мепайванданд. Ба ивази ҷони хеш ҷони дардмандону дармондагонро мехаранд. Ба ҳазорҳо муҳтоҷон ёрии башардӯстона мерасонанд. Онҳо ба таги баҳрҳову кӯлҳо лулаи интиқоми газ, нафт хобонида ниёзмандонро ба сӯзишворӣ таъмин менамоянд. Дар байни зодагони модари рус қаҳрамонони беназир, сиёсатмадорони бузург, олимону адибони дақиқназар,камназир, паҳлавонони таҳамтан, диловарону бунёдкорон кам нест. Ин миллат ба оламиён нобиғаҳои бемонандро ҳадия кардааст. 
Русҳо, бешак, Худододагонанд. Дилашон поку инсофашон шоистаи тавсиф мебошад. Илм, техника дар Россия ривоҷ ёфта, боз рӯ ба пешравӣ дорад. Дар як мақола дар бораи ҳамаи ин пешравиҳо сухан гуфтан аз имкон берун аст. Барои ғунҷонидани музаффариятҳову бунёдкориҳо, ободкориҳову равнаки илму техника ва бузургии Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар китобҳои бисёрҷилда ҳам, тангӣ мекунанд. Ана, ҳамин замини паҳновар, зерхез, пурганҷ, ободкориҳову пешравиҳо дар ҳамаи соҳаҳо,рашки бадхоҳонро овардаву ғояи русбадбиниро дар дунё равнақ дода истодаанд. Русҳо аз ин бахилони даҳр дар ҳарос нестанд, аз онҳо наметарсанд. Онҳо бо ҳиммати баланди ватанхоҳиву дилогоҳӣ мулки худро обод карда, дар ҳифзаш устувор мебошанд.
Ҳуҷуми аҳдшиканони Гитлери малъун, Наполени франсуз ба Россия аз рӯи њирс, хоҳиши беандоза, нафси бадашон буд. Аз ин лиҳоз нокому мағлуб ва рӯсиёҳ гардиданд. Ин подош олами ѓарбро интизор аст. Аз ин рӯйдоди таърихӣ хулосаи дуруст баровардан кори савоб аст, эй ѓарб!
Обу хоку боду офтоби ин замини зархез – Россия имрӯзҳо аз пештара бештар рашки судхоҳону бахилонро ба шӯр овардаву аз ақлу хирад орияшон сохтааст. Онҳо хоҳиш доранд соҳиби ин обу хок, боду ҳаво, табиати зебо ва афсонавӣ бошанд.
Дар ҳолате, ки зиёда аз якумин миллиард сокинони сайёра аз камобӣ, беобӣ азият мекашанд, кӯли Байкал, ки бист фоизи оби ошомидании ҷаҳонро дорад ва бо ҳама ин паҳноияш моли танҳо як давлат-Россия аст, магар бахилонро ором мегузорад? Болои ҳамаи ин дарёҳои Волга, Дон, Енисей, Об, Лена, Ангора… моли (боигарии) русҳо мебошад. Мусаллам аст, ки ҷумлаи бахилону бадхоҳон ва ғосибонро хуш намеояд. Саховати замини русро танҳо Биҳишт дораду бас.
Котибони давлатии вақти ИМА Мадлен Олбрайт ва Кондализа Райс борҳо бо афсурдагиву иштиҳои баланд, бо ҳасрат изҳор доштанд, ки барои чӣ Сибири бой танҳо аз русҳо бошад. 
Вазъияти кунунии олам боз тезу тунду шадидтар шудааст ва ин ҳолат дар авҷи болоравӣ аст. Ин вазъияти нохуб ҳар як сокини тараққихоҳи сайёраро ҳушдор медиҳад, ки имрӯз аз дирӯз, фардо аз имрӯз ва пасфардоҳои дигар аз рӯзҳои гузашта ҳушёру босубот бошанд, дар ҳифзи ватану миллати хеш, ҳифзи сайёраву сокинонаш, ҳайвоноту набототаш омода бошанд. Ватани бузурги мо ва ҷумлаи махлуқот Замин аст. Худо –Модар-Замин ва Ваҳдату Сулҳро дар як радиф гузошта, баҳри розигии Худову хушнудии Модар, ободии Замин, пойдории Сулҳу ваҳдат бикӯшем ва агар лозим шавад ҷонамонро нисор намоем. Ана, дар ҳамин сурат бандаи Худоему зодаи модар ва соҳиби заминем. 
Ҳодисаҳои солҳои охир ва махсусан, моҳҳои охири соли 2018-ум, ракетаборону бомбаборон кардани давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёри Сурия, ҳодисаи Скрепалҳо, Навалниҳо санксияҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ба муқобили русҳо ва алалхусус, бар зиди В.Путин нигаронида шудаанд. 
Аввал, ин давлати бузург, доро, халқи ғолибу ғаюр, ватандӯсту меҳнатқаринаш боиси беривоҷии ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Маҷористон, Лаҳистон ва балегӯёни онҳо гашта аст. Онҳо Россияро – русҳоро чашми дидан надоранд. Аз ин вожа-рус (русский) саглес (алергия) доранд. Барои пош додани ин давлати бузург ҷаҳду талош карда истодаанд. Мехоҳанд ҳарчи зудтар соҳиби ин сарзамин бигарданд. Барои расидан ба ин мақсади нопоку разилонаи худ роҳҳо, воситаҳоро мекобанд. Душманони ин давлатро аз дохили худашон пайдо карданианд. Онҳо ин хел таҷриба доранд. Гумон ҳам ҳаст, ки онҳоро алакай пайдо карда бошанд. Тасдиқи ин гуфтаҳоро мо аз барномаҳои сиёсии телевизионҳои Россия мушоҳида мекунем. Дар қатори сиёсатдонҳои хориҷӣ, ки ғайбати Россияро касб кардаанд, сиёсатмадорон ва сиёсатшиносону воизони рус-Сергей Станкевич, Александр  Сытин, Никита Исоев, Дмитрий Некрасов, Григорий Емануел, Борис Надеждин, Николай Злобин, Николай Сванидзе ва дигарон даст ба туҳмату ғараз зада, аз таги нохун чирк мекобанд. Россияро дар назари оламиён манфур, паст, нотавону камбағал нишон медиҳанд. Сӯи Ғарб «садо» мекунанд. Ғарбро парастиш карда, кӯрнамакӣ менамоянд. Нафароне аз онҳо ҳатто дар мансабҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд. Онҳо бегумонанд, ки туф сӯйи гардун мекунанд: 

 Сӯйи гардун туф надорад маслаке, 
 Туф ба рӯят боз гардад бешаке. 
Борис Надеждин тақозо мекард, ки қувваҳои ҳарбии Россия аз Сурия бароварда шавад, ин хоҳиши нохуб боиси рух додани хатогии навбатии русҳо мегардид, дар њамон маврид. 
Хатои аввали русҳо, дар таърихи давлатдориву мулкдорияшон,  ташкил кардани инқилоби Октябр буд магар? Инқилоб бо куштору сӯхтор омаду ба номи СССР давлат сохт ва бо ҳамин роҳ-куштору сӯхтор пош хӯрд. Ин инқилоб ба мардум нафъ њам овард. Аммо ба тезӣ пош хӯрданаш айён аст, ки хатотар будааст. Русҳо-Елтсинњо кори нохубе карданд. Аз бародарони хурдии худ-сокинони ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ рӯ тофтанд. Бародарони хурдӣ, ин ифодаи худи русҳо буд, дар замони шӯравӣ. Имрӯз ин бародарони худї-муњоxирони мењнатиро  дар қаламрави Россия таҳқиру маломаташон мекунанд. 
Хатои дигари русҳо аз Ҷумҳурии Афғонистон берун кардани ҷузъи Қувваҳои ҳарбияшон аст. Бале, берун шуданашон аз хоки Афғонистон хатогии аъзим буд. 
ИМА зиёда аз дусад сол дар орзуи доштани мавқеъ дар Осиёи Марказӣ буд. Амрикоиҳо ба орзуи деринаашон расиданд. Дар Афғонистон мавқеъ пайдо карданд. 
Пош додани СССР барои ғарбиён таъби дил буд. Онҳо аз маҳкама халос хӯрданд. Ҳатто давлатҳои Аврупоӣ ҳам душмани русҳо гаштанд. Аврупоиҳое, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қадами сарбозони Артиши Сурх ҳам шуда буданд. Аз ҳисоби СССР солҳои дароз зиндагӣ карданду дар сояи давлаташ умр ба сар бурданд, ёрии башардўстона диданд. 
Мақсади дигари онҳо аз сари қудрат дур кардани Владимир Путин аст. Бемуҳобо аз маҳорату ташкилотчигии ӯ метарсанд. Обу рӯи сиёсии ӯ, эътибораш дар арсаи ҷаҳонӣ онҳоро ба ҳарос овардааст. Аз ҳамин мехоҳанд эътиборашро коҳиш бидиҳанд. Ин хаёли онҳо болотар аз ҳоригӣ чизи дигаре нест. Зиёда аз ҳаштод фоизи аҳолии Россия ба ӯ эътимод, эътибор доранд. Аз усули роҳбарии ӯ қаноатманданд. Мардуми тараққихоҳи олам ба ӯ эҳтирому боварӣ дорад. 
Ҷ. Байден, Б.Ҷонсон, Э.Макрон, О.Шольц ва боз чанд нафарони бадхоҳ, бадният барои парокандагии ин давлати бузург-Россия кӯшиш доранд.
Елцин баъди интихоб шуданаш ба мансаби Президентӣ аз амрико изҳори миннатдорӣ кард. Иброз дошт, ки хуб аст, ки  Америка дар олам вуҷуд дорад. Бешак, ин қабил сиёсатдонҳо бахилу кӯрнамаканд. Онҳо судхоҳу мансабпарастанд. 
Дар давоми 30 соли охир, ки СССР пош хӯрд, давлатҳои Ироқ, Лубнон, Яман, Сурия, Югославия, Укроин, Афғонистон… бо дасисаи Америка ва муҷибҳои беасосаш харобу ҷангзада шуданд. ДИИШ ҳам зодаи Амрико аст. Ин давлат дар рӯи замин нақши калидии азозилро бозида, аз харобкорияш, сӯхтору куштораш менозад. Бо муҷиби бофтааш, ки гӯё дар Ироқ яроқи кимиёвиро истифода кардаанд, сари мардум рокетаборон кард. ИМА ба сари миллионҳо сокинони сайёра тухми марг пошида ва ин амали нохубашро давом дода истодааст. Ироқро харобазор намуда, Президенташ-Саддом Ҳусайнро бегуноҳ ба дор овехтанд. Солҳои ҳукумрони Саддом ин мамлакат дар ҳолати рушд қарор дошт. Мардумаш дар фазои ваҳдату созандагӣ зиндагӣ  мекарданд.  Байни мусулмону  масеҳӣ фарқ танҳо дар эътиқод буд. Масеҳиҳо дар яке аз хиёбонҳои бонуфӯзи шаҳри Бағдод зиндагӣ мекарданд. Азизи Масеҳӣ (номи аслияш Микоил Юҳанно) шахси дуюми давлат ва дӯсти наздики Саддом буд. 
Президенти Лубнон Муҳаммад Қазофӣ давлаташро хеле обод кардаву замонавӣ намуда буд. Мардумаш осудаҳол зиндагӣ мекард.  Ба сари ҳар як аъзои оила давлат 1000 долларӣ ёрии пулӣ мерасонд. Ба бекорон моҳе 750-800 доллар, барои тифли навзод 7000 доллар, барои навхонадорон 64000 доллар кӯмак мерасонд. Ба онҳое, ки мошинаи шахсӣ мехариданд, давлат 50 фоизи қиматашро пардохт мекард. Афсӯс, ки мардум аз ин имтиёзҳо шукрона накарда, гӯли иблисҳои дупо-Ҳиллари Клинтону Барак Обамаро хӯрда, худашонро ба дӯзах партофтанд. Мулкашонро вайрону халқашонро саргардону дар ба дар карданд. Ин мардуми бечора рӯ ба ҷониби бегонагон бурд. 
Муҳаммад Қазофӣ, чанде пеш аз қатлаш, бо ҳасрат гуфта буд: «Чор моҳ моро бомбаборон мекунанд, ку Россия бузург, ку Россия бузург».
Бо ҳилаҳои макоронаи роҳбарияти вақти ИМА Муҳаммад Қазофиро сангборон мекарданд, аз сару рӯяш хун метаровид, ҷон меканд. Котиби давлатии ИМА Ҳ. Клинтон завқида механдид. Қазофӣ аз рӯи мардӣ ва рӯинтанӣ то нафаси вопасинаш оҳ нагуфт. Чун мард ҷон дод. Дуо мекунам ҷояшон Ҷаннати ҷовидон бошад. 
Милошевич роҳбари онвақтаи Югославия ба роҳбарияти Россия ва халқи рус эътимод карда гуфта буд: «Эй русҳо, нагузоред, ки Ғарб Шуморо низ мисли мо бисозад, болои сари шумо, фарзандону хоки шумо бомба бирезад». 

Мехоҳам илова бисозам, ки оиди бузургии миллати рус, ё беҳтараш мардуми Россия нобиғаҳои олам таъкидҳои бисёру арзанда доранд. Аз ҷумла И.Сталин дар зиёфате, ки ба Ғалаба бахшида шуда буд, оиди хирадмандӣ, бузургӣ, заковат, навоварӣ, ихтироъкорӣ, созандагӣ, ҳалиму хоксорӣ, нотарсӣ, ғамхорӣ, сабру тоқат ин миллат сидқан баҳо дода буд. Ана, ҳамин сифатҳо рашки олами Ғарб ШМА ва думравонашро овардааст. 
ШМА Аврупоро ба мустамлика табдил дод. Роҳбарони давлатҳои Аврупоӣ, ки шомили НАТО ҳастанд, бидуни Туркии худ луъбатконанду ИМА луъбатбоз. Берун аз ҳукумҳои пасипардагии Амрико кореро, ба хоҳиши худ ва халқашон анҷом дода наметавонанд Байден то охирон сокини Укроин ҷангро давом доданӣ аст, эй ҷаноби Зеленскии қизиқчӣ! 
Дар замони вуҷуд  доштани аслиҳаи ҳастаї  НАТО-ҳо лозим намешаванд. Ин хулосаи ба ҳақиқат наздикро ҳар роҳбари Иттиҳоди Аврупо ва сокинони ин кишварҳо бояд ба дурустӣ қабул намоянд. 
Мақсади олами ғарб дастгирии Украин нест, балки Украинро нест намудану Россияро камқудрат сохтан аст. Сипас ба набудӣ бурдани Аврупо. Ин орзуи деринаи амрикоиҳо ҳаст ва баъд дунёро Амрико кардан аст, ки ҳеҷгоҳ амалӣ нахоҳад шуд. 
Ҷаноби Зеленский, Порошенко, Яценок, Турчинов, Коломовский як маротиба аз самими қалб, бо чашми некбину заррабин, дили поку рӯҳи инсони комил, назари хайрхоҳона ба чеҳраи кӯдакону наврасони Донбасс ва дар умум Украин бинигаред, бешак нури Иллоҳиро мебинед. Онҳо дар назди шумо ҷурме надоранд. Аз болидагии ин тифлакони масъум раҳматон пайдо шуда, ҳисси инсониятон боло меравад. 
Шуморо таблиғоти Америка манқурт кардааст. Бо дасти худ хуни авлоди хешро рехтаву гӯрашонро кофта истодаед. 
Дар хотир доред, ки шумо ва Аврупо дар маҷмуъ, дар ботини амрикоиҳо чун ҳадаф қарор доред. Дар хотир доред, ки бо русҳо душманӣ варзидан кори саҳлу осон ва бозӣ нест. Донед, ки солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ як афсари рус ҳадафи тири душмани ғосиб қарор мегирад. Ӯро мегӯронанд. Дӯсташ шаб ӯро дар хоб мебинад, ки зинда аст. Пагоҳ гӯрро кофта, афсари бо нангу номусро мебароранд. Баъди гирифтани табобат ӯ боз ба ҷабҳа меравад ва диловариву  мардонагӣ зоҳир менамояд. 
И.Сталин таъмини сулҳи саросарии оламро 50-70 сол тахмин карда бошад, гумон аст, ки Россия бо роҳбараш В.Путин сулҳро барои солҳои тӯлонӣ дар дунё поянда карданд. Худогоҳӣ русҳоро ба Ғалаба мерасонад!

Абдуллоҳ Бобозода, ш.Кўлоб