МУБОРИЗА БО ВНМО КОРИ ДАСТАҶАМЪОНАРО ТАЛАБ МЕНАМОЯД

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Бемории ВНМО бемории ҳалокатбор буда, ҳар сол дар миқёси олам ҷони чанд миллион нафарро аз байн мебарад ва теъдоди гирифторони ин мусибат, ки онро “вабои аср” меноманд, сол ба сол зиёд мегардад. Мубориза бар зидди бемориии мазкур кори дастаҷамъонаро талаб мекунад. Санаи 1-уми декабр рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи ВНМО эълон гардидааст. 
Дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Авитсенна” дармонгоҳи Сайёр дар назди Муҷтамеи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб ташкил карда шуд. 
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” аксияи ҳизбӣ гузаронида шуд.
Аксияи мазкур дар кӯчаву хиёбонҳо ва бозори марказии шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд, ки дар рафти он варақаҳои итилоотӣ бо маълумот дар бораи пешгирӣ ва муҳофизат аз бемории ВНМО ба аҳолӣ тақсим карда шуд.