БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВНМО

Ёвон: Созандагони ватан  

Имрӯз бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии Ғаюр-1 б ба муносибати рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории ВНМО (ВИЧ. СПИД) Конфедератсияи илмиву адабӣ баргузор карда шуд.

Устодону омӯзгорони кафедра аз аввали ҳафта дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ ва паҳн намудани маводҳои омӯзиширо ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ва паҳншавии бемории мазкурро ба роҳ монданд.

Дар рафти кори конференсия омӯзгорони кафедра бо саволу ҷавоб ва маърузаву наворҳои видеоӣ маълумотҳои зиёдро нисбати аломатҳо ва омилҳои сироятёбӣ ба ин бемориро ба ҳозирин расонданд