ҲАМДИГАРФАҲМӢ АМАЛИ НЕК АСТ

Ёвон: Созандагони ватан  

Ҳамасола санаи 1 декабр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи мубориза бар зидди бемории ВНМО  қайд карда мешавад. Бо ин мақсад дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҳамоиш зери унвони "Ҳамдигарфаҳмӣ амали нек аст" баргузор гардид.

Дар ҳамоиш мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия суханронӣ намуда, қайд намуданд ки  бемории ВЕМО яке аз намудҳои бемории гузарандаест, ки ба инсон тавассути хун, алоқаи ҷинсӣ ва тавассути шири модар аз модар ба кӯдаки ширмак мегузарад. Ин беморӣ тавассути салом кардан, ба оғӯш гирифтан, дар як дастурхон нон хӯрдан, дар кӯчаву мактаб дарс хондан намегузарад. Ҳамчунин, ба ҷавонон фаҳмонида шуд, ки мо бояд аз шахсоне, ки гирифтори ин беморӣ ҳастанд, ҳарос надошта бошем, баръакс, онҳоро дар ҳама маврид дастгирӣ намоем ва худро аз роҳҳои гирифтории беморӣ эҳтиёт намоем.