ҶАВОНМАРД ОНЕСТ, КИ ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАРМЕКУНАД

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати тарғибу ташфиқи ҳадафҳои ҳизбӣ ва як қатор корҳо ба иҷро расонида шуд. Бо сарбозону афсарон дар Дидбонгоҳи сарҳадии  №3-и маҳаллаи Панҷи поёни Ҷамоати деҳоти Панҷ-и ноҳияи Ҷайҳун сӯҳбату вохӯриҳо гузаронида аз аҳволи зист ва хизматиашон бохабар гардида, ба сарбозон туҳфаҳо тақдим карда шуд ва сарбозону афсарон аз ин вохӯри хушҳол шуда изҳори қаноатмандӣ баён намуданд.

Аз ҷониби роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун масъулият эҳсос гардида бо мақсади иҷрои дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам корҳои ободонию созандагӣ, дастгирии табақаҳои ниёзманд, иҷрои вохӯрию сӯҳбатҳо дар ҳамаи сохторҳо амалӣ карда мешаванд.