ПЕШГИРИИ ҶАВОНОН АЗ ГУРЎҲҲОИ ИФРОТӢ

Бохтар: Вокуниш  

 Яке аз масъалаҳои муҳими замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм-тундгароӣ, ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ -терроризм ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба ҳар як сокини сайёра барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ҳастаиро ба миён овардааст. Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамони ба ин гурўҳҳои номатлуб шомилшуда, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Намояндагони гурўҳҳои даҳшатафкан, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рўзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд. Бо дарназардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд.                                                                                                                                                                                                        Одатан ҷавононе, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Сабабу омилҳои гаронии бархе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва террористӣ паст будани сатҳи огоҳии ҷавонон аз мазун ва моҳияти дини мубини Ислом, коҳиши асосҳои ахлоқӣ аст. Зеро имрӯз тероризм бо ниятҳои нопоки худ ва бо хусусиятҳои нави худ бо истифода аз дину мазҳабҳо таҳдид дорад.

Аксаран мардуми мо барои кор зиёдтар ба муҳоҷират мераванд, хусусан ҷавононе ба ин гурўҳҳо шомил мегарданд, ки бархе аз онҳо дониши кофӣ ва дарки амиқи зиндагӣ надоранд. Барои ҷалб кардани ҷавонон бештар аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Шомилшавии баъзе аз ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо боиси нооромии ҷомеа мегардад.                                                                                                                                      Терроризм ва ифротгароӣ раванди даҳшатборе барои ҷомеа шинохта шуда, ҳамчун падидаи номатлуб ва проблемаи байналмилалӣ зуҳур кардааст. Имрӯзҳо терроризм бештар дар давлатҳои Афғонистон, Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Покистон, Нигерия ва Сомалӣ мушоҳида гардида, онҳо амалҳои даҳшатбореро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи чунин кирдорҳо даҳҳо одамон ҷони худро аз даст медиҳанд. Бояд қайд намуд, ки мақсади асосии ин гуна ҳаракатҳо танҳо ва танҳо халалдор кардани оромӣ ва вайрону валангор намудани тамоми арзишҳои фарҳангӣ мебошад. Тавре ки мо шоҳиди ҳолем, кишварҳое, ки аз терроризму ифротгароӣ осеб дидаанд, дар он қаҳтию гуруснагӣ ва баъзе бемориҳои сирояткунанда ба вуҷуд омадааст, ки ҷони садҳо ва ҳазорҳо инсонҳоро мерабоянд. Маҳз бо ҳамин мақсадҳои нопоки худ рӯз аз рӯз терроризм ва ифротгароӣ домани худро фарох намуда, хатари он давлатҳои зиёди ҷаҳонро таҳдид менамояд.

Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта чунин падидаи манфурро пушти сар намуд, ки то ба ҳол хотироти талхи он замон дар қалби халқи мо боқӣ мондааст. Ин ҳамаро намояндагони худи гурўҳҳои ифротӣ ва ҷудоиандоз роҳандозӣ карданд. Бо вуҷуди он, ки чӣ қадар харобиҳо ба вуҷуд оварданду чӣ қадар ҷонҳоро қурбон намуданд, вале натавонистанд ба мақсади нопоки худ бирасанд.

Шукри Худованд ва ваҳдату якдилӣ, ки имрўз мо ба як кишвари ободу зебо ва амну осоишата расидем, ки ин ҳама бо заҳмату ҷонфидоии халқи азизамон дар зери роҳбарии Пешвои миллат, муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба мо муяссар гардидааст.

Дар шароити замони муосир ҳар як ҷавони ҳушмандро зарур аст, ки дарки баланди сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ дошта бошад, то ба доми ин гуна гурўҳҳои тунгару ҷудоихоҳ наафтанд. . Зеро онҳо насли ҷавонро ба воситаи ақидаҳои исломӣ ва ба ҳар роҳу воситаҳо таблиғу ташвиқ менамоянд ва маҳз шахсони аз илму дониш бехабар тез ба ваъдаҳои ширини фарҷоми талхдоштаи онҳо фирефта гардида, ҳаёти ширини худро зери хатар мегузоранд. Бояд гуфт, ки истифода аз қувваи ҷавонон барои онҳо хело манфиатбор буда, ин қишри ҷомеаро ба худ ҷалб менамоянд.

Терроризм даҳшатбортарин ва нангинтарин амал, яъне қатлу кушторро нисбати занону духтарон, тифлон ва аъзоёни гуногуни ҷомеа, инчунин, куштори бузургтарин олиҳа, офарандаи ҳаёту зиндагӣ “Модар” анҷом медиҳанд. Бинобар ин алайҳи чунин мушкилоти ҷомеа муборизаи дастаҷамъӣ ва маърифати баланди ҳуқуқӣ доштан лозим аст. Пешвои миллати мо нисбати хатарҳои терроризм ва эстремизм дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид намудаанд, ки “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд”. Ҳарчанд як қатор созмонҳову ташкилотҳои байналхалқӣ барои рафъи ин мушкилӣ ва ё “вабои аср” талош меварзанд, вале ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ натавонистаанд, ки дар ин роҳ муваффақ бошанд. Бо ҳамин мақсад танҳо тавассути ташаккул додани маърифати ҳуқуқӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстии насли ҷавон мумкин аст, ки садди роҳи паҳншавии ин “вабои аср” гирифта шавад.Ҳукумати кишвар шароити хуби илмомӯзиро дар ватани азизамон муҳайё кардааст. Ҷавонони моро мебояд, ру ба илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир биоранд. Ба ин васила метавонанд дар оянда барои худ як зиндагии хубу арзанда муҳайё созанд. Дар баробари ин моро зарур аст, ки ба қадри озодӣ, тинҷию оромӣ ва Истиқлолияти давлатӣ расида, дар пешрафту шукуфоии кишвари азизамон саҳмгузор бошем. Баҳри ҳифзи якпорчагии Ватани маҳбубамон талош кунем. Чи гунае, ки Пешвои муаззами миллат гуфтаанд: “Шаҳрвандони кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расанд ва ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашаванд”.

Ҷавонони мо бояд аз шинохти арзишҳои инсонӣ ва миллӣ дар ҳаёту зиндагӣ ошноӣ пайдо намуда, фирефтаи ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ нагарданд

Рухшонаи Шералӣ  Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бохтар