БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ

Кӯлоб: Созандагони ватан  

Тибқи муқаррароти моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст». Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ин ҷашни давлатӣ бо як шукуҳу шаҳомат баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, узви Раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Раҳмон Дилшод Сафарбек, ноиби ректор оид ба таълим, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Холиқзода Айниддин, ноиби ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, ноиби ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Назаров Ҳотам ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Баъди садо додани Суруди миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ворид гардид.

Сипас, қисмати тантанавиро ректори Донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ шодбош гуфта, қайд намуданд: “Парчам дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, як ҷузъи муҳими таърих, фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор меравад. Эҳтироми парчами давлатӣ ва расидан ба қадри рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад”.

Ҳамзамон, як қатор омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои хизматҳои шоистаи бисёрсолаи худ дар соҳаи маориф ва бахшида ба 30-солагии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ректори донишгоҳ бо сипоснома ва диплом қадрдонӣ карда шуданд. 

Дар қисмати фарҳангӣ ҳунармандони Хонаи маданияти донишгоҳ бо роҳбарии Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Холов ва ансамбли “Фалак”-и назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон таронасароӣ карданд.