МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ НОРАК БАРГУЗОР КАРДА ШУД

Норак: Ҳисобот  

Санаи 14 – октябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  бобати натиҷагирӣ аз фаъолияти  нуҳмоҳаи кумита бо баррасии масъалаҳои зерин:

1. Дар бораи ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри  Норак дар нуҳ моҳи соли 2022

2. Дар бораи ҷараёни маъракаи сиёсии обуна ба рӯзномаҳои “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2023

3. Масъалаҳои ҷорӣ

Доир ба масъалаи якуми  рӯзнома Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак Ҳасанзода  Шаҳло  Ҳасан ба сухан баромада, қайд карданад, ки дар нӯҳ моҳи соли 2022 дар мавриди батартибдарории ҳуҷҷатҳои  ҳизбӣ, қабули аъзоёни нав ба сафи ҲХДТ, ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ, баргузории аксияҳои  ҳизбӣ, корҳо дар мавриди ҳаракати узви ҳизб, беҳтар кардани вазъи молиявии Кумитаи иҷроия, ирсоли саривақтии гузоришу ахборотҳо ба сохторҳои болои ҳизб натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд, ки тибқи рейтинги ҳизбӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Норак  дар миқёси вилоят аз рӯи ҳамаи самтҳои фаъолият ба истиснои қабули аъзо ҲХДТ  ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд,  вале бобати  қабули аъзо ҲХДТ  тадбирҳои  судманд бояд андешида шавад.

Инчунин  дар баромади худ оид ба масъалаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ иброз доштанд, ки Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак  нақшаи обунаро ба  79  ташкилоти ибтидоӣ нақшабандӣ карда, тақсим намудааст. То имрӯз нақшаи обуна ба рӯзномаи “Минбари халқ” 770 адад ё ин ки 80, фоиз ва рӯзномаи “Ҳамрози халқ” 610 адад ё ин ки 88,6 фоиз иҷро шудааст.

Инчунин, доир ба омодагиҳо ва дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани аксияи  ҷумҳуриявӣ  "Албом – Эстафета"-и ҳизбӣ бахшида ба 30 –солагии Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру тавсеаҳо дода шуд ва нақша ҷорабиниҳо омода ва ба иҷрокунандагон расонида шуд.

Зимнан бобати интишори мақола ва андешаҳо дар ВАО ба аъзои кумита дастур дода шуда, ки ҳар моҳ як мақолаву андешаро барои инъикос ба кумита дастрас намоянд.

Аз рӯйи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.