МАҶЛИСИ РАËСАТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ВОСЕЪ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Восеъ: Ҳисобот  

Дар толори бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ Маҷлиси Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ баргузор карда шуд. Дар кори маҷлис аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ, кормандони масъули ҳизбӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ иштирок намуданд. 

Сараввал, Мирзоев Сафаралӣ-муовини раис, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ дар давраи 9-моҳи соли 2022 ҳисобот дод. Зимни ироаи ҳисобот қайд гардид, ки давоми 9-моҳи соли 2022 сафи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба 7037 нафар расид. Дар ин муддат 553 нафар аъзои нав ба сафи ҳизб қабул карда шуд, ки шумораи аъзоёни нав дар қиёс ба соли 2021 256 нафар зиёд мебошанд. Шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ 136 нафар буда, ҳамаи онҳо дар чорабиниҳои ҳизбӣ фаъолона штирок менамоянд. Бояд қайд намуд, ки шумораи андешаву вокунишҳои дар давраи сипаригардида 123 адад буда, шумораи маводҳои дар сомона чопшуда 596 ададро ташкил медиҳад. Кумиати иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Восеъ дар давраи сипаригардида аксияҳо ва ташаббусҳои ҳизбиро бо ҷалби аъзоёни фаъол ва шахсони хайрхоҳу саховатпеша дар амал татбиқ намудааст ва дар оянда низ талош менамояд, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои роҳбарияти ҲХДТ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Ҳисоботи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ аз ҷониби аъзоёни Раёсат қаноатбахш арзёбӣ карда шуд.

Вобаста ба масъалаи дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Иботов Диловар баромад намуд. 

Дар идома якчанд нафар раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ба музокира баромада, фаъолияти 9-моҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар охир вобаста ба масъалаҳои барассигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, якчанд нафар аъзоёни фаъоли ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки дар татбиқи амалии ҳадафҳои ҲХДТ, нишон додани масъулияти баланд дар амалисозии чорабиниҳои ҳизбӣ бо Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ қадрдонӣ гардиданд.