МАҶЛИСИ РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ КӮШОНИЁН БАРГУЗОР ГАРДИД

Кушониён: Ҳисобот  

Санаи 14.10.2022 маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси ноҳияи Кӯшониён Шукрулозода Дилафрӯз, Мудири шуъбаи маорифи ноҳи Валиев Бобоҷон, аъзои Раёсат, бархе роҳбарон ва котибони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд. Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён Ҳакимзода Миҷгона кори маҷлисро оғоз намуд.

Дар маҷлис 4-масъала барои баррасӣ пешниҳод гардид: 1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар бораи Натиxаи фаъолият дар нуҳ моҳи соли 2022 ва нақшаҳо барои давраи оянда; 2. “Натиҷагирӣ аз маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2022”; 3. Натиҷагирӣ аз ташаббусҳои ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия; 4. Таҳкими ҳайати сифатии сафи аъзои ҲХДТ аз ҳисоби раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ; 5. Тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ; 6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якум Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён – Ҳакимзода Миҷгона ба сухан баромада, вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар назди ҳозирин ҳисобот доданд. Вобаста ба масъалаиҳои дигари рӯзнома кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён баромад намуда, оид ба рафти иҷрои фаъолият дар назди аъзоёни раёсат ҳисобот доданд.

Дар ҷамъбати маҷлис, муовини раиси ноҳия Шукрулозода Д., қайд намуд, ки вазифаи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум фаъолона тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбиамонро бо масъулияти баланд иҷро кунем. Ҳамчунин, дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини амнияту субот, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳаёти осоиштаи кишвар, фароҳам овардани шароит барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ва меҳнати озод, рушди демократия, ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангӣ, мусоидат ба рушди маънавӣ ва ахлоқии миллат, муқовимат ба ҳар гуна шакли экстремизм, саҳми босазо дошта бошем.

Бояд хотирасон намоям, ки ҳамаи мо бояд як нуқтаро ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан мебошад.  Аз ин рӯ, барои боз ҳам тақвият бахшидан ва сифатан хуб ба роҳ мондани фаъолияти ҳизбӣ дар ноҳия нерўи бузурги маънавӣ ва ақлонӣ вуҷуд дорад.   Ҳамаи мо аъзои фаъоли ҳизб талош бар он намоем, ки аз чунин нерўи маънавӣ истифода намуда, барои пойдор гардидани фазои сулҳу субот ва дар умум расидан ба ҳадафҳои бузурги сиёсӣ тамоми кўшишҳои хешро равона намоем.

Инчунин, ба роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар асоси талаботҳои Оинномавии ҳизб пурсамар намуда, татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбро дар муҳлатҳои муайяншуда ва босифатона иҷро намоянд.

Вобаста ба масъалаҳои рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардида, дар рафти кори маҷлис аз ҷониби аъзоёни Раёсат баромадҳо шуда, фаъолияти кории семоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён қаноатбахш ҳисобида шуд.