АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР” ДАР ТИ “РОҲИ НАВ-1”

Вахш:  

 

 Бо мақсади иҷрои саривақтии  дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар асоси нақша - чорабиниҳои таҳрези намудаи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва кумитаи ноҳиявӣ масъулини кумита аъзоёну ҷонибдорони ҳизб ҳар ҳафта ба аксияҳои дастаҷамъона баромад дар ободу хуррам гардонии муҳити зист ва корҳои ободониву созандаги саҳми хешро гузошта истодаанд.

 Дар тамоми ташкилотҳои ибтидои ҳизбӣ аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор!” ин навбат масъулини кумита аз рафти  баргузории аксия аз ТИ “Роҳи нав-1” дидан намуданд, ки дар аксияи мазкур аъзоёни ин ташкилот бо руҳияи баланди арҷгузорӣ ба Ватан ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат фаъолона ширкат варзида, ба тоза намудани гирду атроф аз алафҳои бегона, нарм намудани зери дарахтон гулу гулбутаҳо назди бино машғул гаштанд. Бояд қайд намуд, ки  аксияи мазкур ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе аз ҷониби аъзоёни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида мешавад.