МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ – ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «МНДСЭ»

Вахш: Ҳисобот  

Санаи 13 – уми июни соли 2024 дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ (Маркази назорати давлатии санитари эпидималоги) “МНДСЭ” – дар ноҳияи Вахш маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ аз рӯи масъалаҳои зерин гузаронида шуд.

1.Дар бораи “Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии “МНДСЭ” дар давраи ҳисоботӣ”;

2. Дар бораи интихоби раиси ташкилоти ибтидоии “МНДСЭ”;

3.Дар бораи интихоби котиби  раиси ташкилоти ибтидоии “МНДСЭ”;

4.Дар бораи интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ - интихоботии 18 -уми  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш;

5. Масъалаҳои ҷорӣ;

Аз руи масъалаи якуми рӯзнома Ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии

“МНДСЭ” оид ба ҷамъбасти фаъолият дар давраи ҳисоботӣ аз моҳи июни соли 2023 то моҳи июни  соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда раиси ташкилоти ибтидоии “МНДСЭ” Саидов М., ҳисобот шунида шуд. Маълум гардид, ки  ТИ “МНДСЭ” фаъолияти ҳизбии худро дуруст ба роҳ монда дар давраи ҳисоботӣ доир дар сатҳи баланд таҷлил намудани идҳои миллӣ “Рӯзи ваҳдатӣ миллӣ”, “Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” “Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рўзи Модар”, “Иди байналмилалии Наврўз”, “Рўзи ҷавонони Тоҷикистон”, “Рӯзи байналмилалии Футбол”,  бо мақсади таблиғу ташвиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи ҲХДТ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ доир карда шуд.

Ташкилоти ибтидоӣ барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба ҷашнҳои давлатию миллӣ, аёдат ва расонидани кӯмакҳои моддию молиявӣ ба ниёзмандон, дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, ҳамзамон дар ин давра  конференсия,  ҳамоиш, мизи мудаввар, дарсҳои сиёсӣ, ҳамзамон бо мусоид омадани обу-ҳаво рўзҳои шанбе ҳашарҳои дастаҷамъона бо иштироки аъзои ҳизб доир карда шуд.

Вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис “МНДСЭ”., раиси ташкилоти мазкур, Саидов М., котиби ташкилоти ибтидоӣ интихоб гардида, бо ҷонибдори аъзоёни ТИ “МНДСЭ”, як нафар Файзуллоев Б., раиси ташкилот вакили Конференсияи 18-уми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, пешниҳод ва интихоб карда шуд.