ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН

Вахш:  

 

Тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, вобаста ба афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи кофии маводи хӯрока истифодаи самараноки обу заминҳои корам ва наздиҳавлигию президентӣ, ҳамаруза дар бо тариқи усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондидиҳиро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Ба ҳамин мақсад  санаи 13-уми июни соли равон мудири бахши кор бо занони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Шарипова Н., дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Озуқаворӣ”-и ҷ/ш Вахш, бо сокинони маҳал суҳбату вохӯриҳо анҷом дода, инчунин аз заминҳои наздиҳавлигии онҳо дидан намуданд.