ТАМОМИ ДАСТОВАРДУ ПЕШРАВИҲОИ ТОҶИКИСТОН АЗ ШАРОФАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ

Вахш: Андеша  

 

“Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард”.

                                                                      Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.

Бешубҳа, Истиқлолият ин рамзи саодати маллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он аст. Дар ҳамоиши бузурги мардумӣ соли гузашта 9 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахт ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистонро таъкид намуда гуфтанд, ки «Имрӯз мардуми шарифи кишвар хуб дарк кардаанд, ки ҳамаи пешравиҳои Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз баракати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, яъне иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ба даст омадаанд».

Пас бо бовари комил гуфтан мумкин аст, ки  истиқлолияти давлатии мо барои мо тамоми шароитро муҳайё намуд, хато нахоҳем кард. Чунки ин неъмати худодод моро, пеш аз ҳама, дар ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол муаррифӣ намуд, ки ин дастоварди бузурги таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад. Гузаштаи марҳилаи навини давлатдориамон бори дигар собит намуд, ки халқи тоҷик соҳиби давлати мустақил будани хешро бахти бузург дониста, онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз менамояд.    

Зеро бо шарофати истиқлолияти давлатӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ва хиради волову нигоҳи дурбинонаи фарзона фарзанди миллат баъд аз ҳазор сол асолату ҳуввияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллии халқи тоҷик эҳё ва пойдор гардид ва мо тоҷикон дар ин баробар ба рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ, ки нишонаҳои асоси давлати соҳибистиқлолро ташкил медиҳанд ноил гардидем. Бояд гуфт, ки дар таърихи миллати мо боз як бори дигар собит гардид, ки мардуми босавод ва бофарҳанг ҳеҷ гоҳ ҳамватанашро ба ҷангӣ ҳамватанӣ тела намедиҳад, балки ҳамчун наҷотбахши миллат ҳифз мекунад. Маҳз дар ҳамин рӯзҳои ҳассос сиёсати сулҳпарваронаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти оқилу донояш аз ҷониби кишварҳои мутаррақии дунё дастгирӣ ёфт. Нофаҳмиҳои дохилӣ ва байналмилалӣ аз байн рафта, муносибати давлат ва шаҳрвандонаш дар асоси қонунҳои ҷорӣ ҷараён гирифтанд. Ҳамин тавр, миллати мо тавонист, ки дар натиҷаи саъю талоши зиёди зиёиёнаш дар атрофи давлати худ боз ҳам зичтар гардад, пешвоёнашро ба ҳам орад ва онҳоро кафили сулҳу ваҳдат гардонад.

Дар ин бобат шоири барҷастаи миллати тоҷик Лоиқ Шералӣ дар бораи якдил гардидану ба ҳам омадани ин миллати куҳанбунёду сарбаланд ва аз миллатчигӣ ба миллатсозӣ даъват намудани халқи тоҷик хуб гуфтааст:


Пас, биё даст ба ҳам додаву паймон созем,

Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.

Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,

На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке Инсон созем!

Дар замони муосир, ки дар марҳилаи хеле ҳасос қарор дорем, устувории ҷомеа ва таъмини сулҳу суботи сартосарӣ хеле муҳим мебошад. Зеро вазъи ноороми ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани равияҳои гуногуни ифротӣ, ки ба анъана, расму оин, таъриху фарҳанги мо ягон иртибот надоранд, миллати тоҷикро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида ба сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамкорӣ, ахлоқи ҳамида, худшиносии миллӣ рӯ биёранд. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бои фарҳангӣ расму оини ниёгон огаҳӣ надорад, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзанди баруманди замони худ шуда наметавонад”.

Дар ин замина боиси ифтихору сарфарозист, ки бо устувории сулҳ ва ризоияти миллӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон чун ба давлате, ки роҳи демократиро пешрафти худ интихоб кардааст, эътимод пайдо карда, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба Тоҷикистон дасти ҳамкорӣ ва кумак дароз карданд.

Гузашта аз ин, дар самти сиёсати дохилӣ ҳадафи давлати Тоҷикистон таъмини рушди устувори иқтисодӣ буда, нақшаҳои Ҳукумат амалан дар доираи чор ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар тарҳрезӣ шуда, батадриҷ амалӣ мешавад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки истиқлолият ва ваҳдат сароғози рушд ва шарти бақои давлатдории миллӣ, эҳёи фарҳангу тамаддун, асоси худшиносӣ ва андешаи миллӣ мебошад. Имрӯз бо камоли ифтихор ва бо сари баланд гуфта метавонем, ки мо ҳамчун давлати миллӣ ва соҳибистиқлол ташаккул ёфтем.

Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мардуми мо аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ дар шоҳроҳи рушди устувор қарор дошта, бахусус ҷавонони саодатманди диёр бо ҳама масъулият аз пайи фармудаҳои Пешвои ҷавонпарвари худ ҳастанд. Зеро ҷавонони мо дар замири хеш эҳсоси меҳанпарварӣ, дӯст доштани ҳар зарра хоки ин Ватанро парварида, бо тамоми вуҷуди хеш эҳсос менамоянд, ки меросбарони ниёгони озодихоҳу анъанаҳои беназиранд.

 

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                               Ватанзода С.В.