ҶАВОНОНИ ТОҶИК ҲАМЕША ТАРАФДОРИ СУЛҲУ СУБОТИ САЙЁРА МЕБОШАНД

Вахш: Вокуниш  

Аз соҳибистиқлолии кишвари азизамон гарчанде 32 сол сипари гардида бошад ҳам, ин сана  дар назди таърих ҳукми як лаҳзаро дорад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлоли кишвари азизамон ба бисёр дастовардҳои муҳиму назаррас ноил гардидааст, ки яке аз ин дастовардҳои бузург барои миллати тоҷик ин сулҳу субот ва ваҳдати сартосарии кишвар мебошад, ки имрӯзҳо бисёр аз давлатҳои ҳамсояву ҷаҳон орзуи онро менамоянду аз мактаби сулҳофарии Пешвои миллатамон сабақ меомӯзанд. 

Дар ин баробар мутаассифона, нохалафоне ҳастанд, ки мехоҳанд фазои ороми кишварро бо роҳи тафриқаандозӣ халалдор созанд. Зуҳуроти номатлуби терроризм ва экстремизми диниро аввалин бор дар солҳои наваддуми асри гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ намудааст. Оқибатҳои ногувору даҳшатбори ҷанги дохилӣ ва он амалҳои террористии наҳзатиён то ҳанӯз аз хотири мардум зудуда намешавад. Он ҳамчун як доғи сиёҳ ва саҳифаи торике дар таърихи давлатдории навини тоҷикон боқӣ мемонад.

         Дар ҳама давру замон гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ вуҷуд доштанд, бо ин ё он тарз фаъолияти мафкуравию амалӣ зоҳир мекарданд ва ҳамеша нодурустию арзиш надоштани ақидаҳои онҳоро таъриху фарҳанги башарият собит намудааст.

Тибқи маълумоти коршиносон имрӯз дар ҷаҳон беш аз 500 ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротгаро, созмонҳои террористию экстремистӣ ошкорову пинҳонӣ амал мекунанд. Ҳамасола дар арсаи терроризм ё барои мақсаду амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар маҷмӯъ аз 5 то 20 миллиард доллар сарф мегардад. Ин маблағҳоро террористон асосан аз муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва яроқи оташфишон ба даст меоранд. Тамоми мардум, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз таҳдиди хатарноки терроризм ва экстремизм ба амният, оромӣ ва суботи ҷомеа, муносибатҳои байналхалқӣ, бехатарии давлат ва ҳаёти шаҳрвандони он, рушди устувори кишварҳо ба ташвиш омадаанд.

Ҳоло терроризм беш аз пеш хатари фаромиллӣ ва умумибашариро касб намудааст. Агар ба таври дигар гӯем, терроризм дар минтақаҳои алоҳида ва умуман ба тамоми ҷаҳон доман паҳн карда истодааст. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда буданд, ки “Террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Аз ҳама ташвиш овараш барои миллати тоҷик он аст, ки имрӯзҳо пасмондаҳои ҳизбҳои болозикр дар давлатҳои аврупо паноҳ бурда худро ғамхору ҳамдарди миллат номида тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ миёни мардум тафриқаандози менамоянду ҷавонони ноогоҳу камсаводро ки аз саводҳои диниву дунявӣ огоҳ намебошанд бар зидди давлату миллати хеш мешуронанд, ҳоло он ки ин нафарони дасисабоз танҳо мақсади ягонаи аз байн бурдани таъриху тамаддун ва сулҳу суботи ин кишвари ободу зеборо доранд ва мехоҳанд байни мардум тафриқаандози намуда, сари қудрат биёянду бо ҳамаслакону хоҷагони хориҷиашон боигариву дорои ин давлату миллатро аз худ намоянд.

Бояд ин бадхоҳону бадандешон дар хотири худ ҳаминро ҳамеша ҷой намоянд, ки миллати тоҷик миллати бо нангу номус буда ҳеҷгоҳ намегузоранд, то нохалафе ба хоки аҷдодиашон чашм аъло намоянд, тоҷикон миллат мебошанд, ки тӯли таърих боре ҳам шикаст нахурдаанд, зеро руҳияи шикастнопазир доранд ва фарзандони бо нангу номуси ин миллат бар ивази ҷони хеш аз сиёсати кунунии кишвари азизамон ва ин сулҳу субот, озодию ободӣ ва ваҳдати комил ҳамеша пуштибон мебошанд ва намегузоранд, ки ин ашхоси палиду разил ҳеҷгоҳ ба мақсади нопокашон расида бошанд.

Ҷавонони саодатманду сарбаланди Тоҷикистони азиз имрӯзҳо дар тамоми дунё парчамбардори миллату давлати хеш буда, барои пешрафту тараққии кишвари азизи хеш аз тамоми роҳу васила истифода менамоянд ва он нафаронеро, ки бар зидди ин давлату миллат имрӯзҳо бадгӯӣ менамоянд, ҳеҷ гоҳ тоҷику ҳамватани хеш намешуморанд, зеро он нафарон нафарони ватанфурӯшу душмани ин миллат мебошанд.

 

Сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш                            А.Сайдалиев