САҲМИ АЪЗОЁНИ ТИ “ҶАВОНОН” ДАР КОРҲОИ ОБОДОНӢ

Вахш: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Ҷавонон неруи бузурги созанда ба шумор рафта, дар рушди ҷомеа нақши муассир доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ҳамчун ояндасозони миллат таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуда, барои ҳалли масоили гуногун марбут ба тарбияву ташаккули ин насли ояндаи кишварамон ғамхории зиёд зоҳир  менамоянд. Тавре Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷавонони  кишвар  иброз намуданд: «Мо ҷавононро нерӯи созандаву бунёдкор ва пешбарандаи ҷомеаи навини кишварамон ва ояндаи халқамон эълон кардем ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат то имрӯз ба онҳо такя мекунем».

Бо мақсади саҳми арзанда гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сазовор будан ба боварии Пешвои муаззами миллат дар доираи нақша чорабиниҳои муштарак бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзоёни ТИ “Ҷавонон” таърихи 13.04 соли 2024 ба ҳашари дастаҷамъона баромада, дар  сабзгардонии муҳити зист саҳми арзандаи хешро гузоштанд.

 

         Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш.