ФИРЕФТАИ ҲАРГУНА ГУРӮҲҲО НАШАВЕД

Вахш: Вокуниш  

Халқи тоҷик аз қадимулаём халқи тамаддунофар, сулҳхоҳу ваҳдатофар мебошанд, чуноне ки аз манбаҳои таърихӣ бар меояд, дар давоми  тамоми давлатдории хеш миллати тоҷик бо ҳастии хеш ҳамеша муқобили гуруҳҳои ифротию террористӣ мубориза бурда, ҳамчун миллати сулҳхоҳ дар тамоми дунё худашро муаррифӣ намудааст. Мо ҳамагон ҳамарӯза шоҳиди пешравию тараққиёти кишвари хеш дар даврони соҳибистиқлолӣ гардида истодаем. Талошу заҳматҳои ҳамешагии давлату миллат ва фарзандони баруманди тоҷик ба хотири сулҳу амният, соҳибистиқлолӣ ва якпорчагии Ватани маҳбубамон мебошад.

Мутаассифона то ба ҳол ҳастанд нафарони бадхоҳу курнамаке, ки ин пешрафту ободӣ ва сулҳу суботи кишварро нодида гирифта, ба роҳи тундгароиву экстремистӣ ва ҷалби ҷавонони камсаводу ноогоҳ аз номи дину мазҳаб истифода бурда, онҳоро мағзшӯӣ намуда, ба доми Заҳҳоконаи хеш кашида, дар рафти ҷангҳои иттилоотӣ бар зидди давлату миллат хеш мешуронанд.

Ин зуҳуроти на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке суханронии худ қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.

Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Бояд ҳамагон донанд ва дарк намоянд, ки мақсади асосии ин тоифа ашхоси курнамаку ваҳшӣ танҳо ба роҳи зуроварию даҳшат байни мардуми осоишта иғво ангехтану аз ин истифода намуда, сари қудрат омадан аст.

Аз ин рӯ мо мардуми шарафманди тоҷикро зарур аст, ки шукронаи сулҳу субот ва ваҳдати комили кишвари хеш намуда, дар пешбурди зиндагии орому осудаи фарзандон ва наслҳои ояндаи кишвар саҳмгузорӣ намуда, ба фиребу дассисаҳои ин тоифа дода нашавем, зеро дар паси ҳамаи амалҳои ин курнамакон манфиатдорони хориҷӣ меистанд.

Хулоса, кӯшиш ба харҷ диҳем то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Ба ҷавонон фаҳмонда тавониста бошем, ки бо тақлидҳои кӯр-кӯрона дунболи гуруҳҳои ифротӣ нараванду тамоми ҳастию маллакаи хешро барои пешрафту ободии кишвари азизамон сафарбар намоянд ва орзуи онро ҳамеша дар дил дорем, то офтоби сулҳу субот дар фазои кишвари азизамон ҳамеша нурафшонӣ намояд.

Сафаров Ф., мудири бахши ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш