ГАРДИШИ ҲИЗБӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи №3” – и ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд ноҳияи Темурмалик бо иштироки Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин вохурӣ баргузор гардид. Масъулини Ҳизбӣ дар рафти вохурӣ аз мақсаду маром, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатнигорӣ суханронӣ карда, инчунин оиди дастовардҳои даврони Истиқлол, кишти такрорӣ, захираи хӯрока, тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбҳои ифротӣ ёдовар шуданд.