БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ МУШТАРАКИ "СОАТИ СИЁСӢ" ДАР МТМУ №2

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи тақвими амалиёти муштарак байни сохторҳои ҲХДТ ва маориф дар ҳудуди Вилояти Хатлон имрӯз дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Темурмалик хонишҳои сиёсӣ, ки рӯзи шанбеи охири ҳар моҳ гузаронида мешаванд,

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию ватандӯстии хонандагон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Темурмалик соати сиёсӣ бо иштироки Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин ва омӯзгорони ботаҷриба гузаронида шуд. Дар ин ҷамъомад баромадкунандагон вобаста ба вазъи сиёсии ҷаҳон, ҳодисаҳои наздисарҳадӣ, хизмат ба дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз муҳимтарин қарзи шаҳрванди ҳисобида мешавад, суҳбатҳо гурониданд.

Муассисаи таълимии №2-и ноҳия яке аз муассисаҳоест, ки омӯзгорони таҷрибанок дошта, хонандагони онҳо дар озмунҳои фаннӣ фаъолона иштирок менамоянд.