ГАРДИШИ ҲИЗБӢ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Давлатшоён”– и ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҲХДТ дар ҷамоати деҳоти Кангурт Ширмои Маҳмасаид вохурӣ баргузор гардид. Масъулини Ҳизбӣ дар рафти вохурӣ аз мақсаду маром, ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатнигорӣ суханронӣ карда, инчунин оиди дастовардҳои даврони Истиқлол, кишти такрорӣ, захираи хӯрока, тарбияи дурусти фарзандон, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, пешгирии ҷавонон аз ҳизбҳои ифротӣ ёдовар шуданд.