БАХШИДА БА 31–УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

9-уми сентябри соли ҷорӣ Бахшида ба ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Темурмалик, бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Каримзода Хуршед, ва раиси ноҳияи Темурмалик муҳтарам Ҳасанзода Шерали Ҳасан,  ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, роҳбарони мақомотҳои қудратӣ, раисони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Темурмалик ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тантанавӣ баргузор гардид.

Сараввал раиси ноҳияи Темурмалик муҳтарам Ҳасанзода Шерали Ҳасан, ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Каримзода Хуршед, ҳозиринро бо ин ҷашни бузурги давлатӣ табрику таҳният гуфта, барои баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба ин ҷашни пуршукуҳу барору комёбиҳо орзу намуданд.

Дар идомаи ҷашни 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як чанд ташкилоту муасисаҳо ва варзишгарони ҷавони ин ноҳия сипосномаҳо ва туҳфаҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик  тақдим гардида шуд.