ОБОДИИ ДИЁР ПЕШАИ МОСТ

Темурмалик: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 31 - солагии ҷашни пуршукуҳи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми кучаву хиёбонҳои ноҳияи Темурмалик корҳои ободонӣ гузаронида шуда истодааст. Инчунин имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ҷамоати шаҳраки Баҳманрӯд” аз ҷониби аъзоёни фаъоли ҳизб бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик чунин корҳои ободонӣ ҷорӣ карда шуда саҳни бино рангу бор, дарахтон сафед ва саҳни корхона тоза карда шуд.